Шамс Гуломов

Шамс Гуломов — соли 1926 дар дехаи Чуваи совети кишлоки Дубеда дар оилаи дехкон таваллуд шудааст. Маълумоти ибтидоиро аз соли 1937 дар зодгохаш гирифтааст. Баъдтар идомаи тахсили ибтидоиро дар дехахои Доров ва Дашти Марзо мегирад. Синфи 4-ро дар дехаи Сари Сафедхок хатм мекунад. Соли 1944 барои хизмат ба сафи Куввахои Мусаллахи шурави даъват мешавад. Дар Чанги Дуюми Чахони ширкат мекунад. Хамон солхо ба давлатхои Польша, Венгрия, Руминия, Чехославакия, Булгория, Австрия ва Олмон меравад ва барои расидан ба галаба мечангад.

Соли 1959 ба Донишкадаи хочагии кишлок дохил шуда, соли 1964 он муассисаро бо ихтисоси агроном хатм мекунад. Аз соли 1965 то соли 1967 ба корхои илми машгул мешавад. Аз мохи сентябри соли 1967 то соли 1980 дар вазифаи Директори совхози сабзавоткории нохияи Оржоникидзеобод (имруз Вахдат) кор карда,баъд дар нохияи Файзобод ба хайси агроном фаъолияти худро давом медихад. Голиби чандин мусобикахои сотсиалисти гаштааст. Помидори машхури Файзобод махсули кору захмати хамин дехкони асил аст.
 
Верх Низ