Сайрам Бакозода -Номзади илмхои филология (2011) — 14 феврали соли 1977 дар нохияи
Файзободи Точикистон дар оилаи зиёи ба дунё омадааст. Соли 1994 мактаби миёнаро хатм карда, худи хамин сол ба Донишгохи Омузгории Точикистон, ба факултаи филологияи точик дохил шудааст. Аз овони чавони хануз ба таърих ва адабиёти халки точик ва чахон шавку хаваси зиёд доштааст. Баъди хатми Донишгох як сол дар Донишгохи мазкур ба хайси муаллими хурд дар факултахои гайрифилологи фаъолият карда, соли2001-ум ба шуъбаи аспирантураи Институти забон ва адабиёти ба номи Рудакии Академияи илмхои ЧТ хуччатхояшро месупорад. Худи хамин сол барои чустучухои корхои илмияш дар мавзуи «Таърихияти эчодиёти Сотим Улугзода» ба Институти адабиёти чахонии ба номи М.Горкий ба шахри Маскав равона шуда, тули як сол ончо мемонад.
Аз соли 2002 то соли 2006 дар Маркази кудакон ва наврасони шахри Душанбе, сармухарририи рузномаи бачагонаи «Насли наврас»-ро ба ухда дошт.
Аз мохи феврали соли 2006 ба хайси мухаррир ба Идораи барномахои фарханги фарогатии телевизиони Точикистон даъват карда мешавад. Дар аввал ба хайси мухаррир дар барномаи наврасон «Манора» фаъолияти худро огоз карда, пас аз се мох нахустбарномаи муаллифиаш бо номи «Сарнавишт» ва кахрамони аввалинаш нависандаи бузург ва таърихнигори точик Сотим Улугзода пешкаши тамошобинон гардонида мешавад.
Хамчун мухаррири варзидаи Гурухи эчодии «Симо» силсилабарномахои «Сарнавишт» аз хаёти мардони бузурги таърихи, онхое, ки чабри таърих зиёд дидаанд накл карда мешавад. Шириншох Шотемур, Нусратулло Махсум, Сотим Улугзода , Чалол Икроми, Фазлиддин Мухаммадиев, Буриниссо Бердиева, Абдукодир Мухиддинов, Беназир Бхутто ва дигарон он симохое хастанд, ки дар барномаи «Сарнавишт»-и Сайрам Бакозода ба тамошобинон аз наздиктар ошно карда шуданд.
Барномаи дигари Сайрам Бакозода, ки байни тамошобинон махбубият пайдо карда буд, «Садои хамватан» буд, ки аз хаёти точикони бурунмарзии шахрхои Киргизистону Маскав омода шуда буд ва хеле хотирмон ва таъсирбахш хам буд.
Аз мохи феврали соли 2010 Сайрам Бакозода ба хайси сармухаррири гурухи эчодии СИМО фаъолият дошта, тули ин муддат барномахои нави «Шоми диёр», Таъкид дар мавзуи худшиносии милли, «Накшхои сухангу» дар мавзуи либоси милли, «Тавозун» дар мавзуи баробарии гендери, «Оханги умед» инчунин дар рузхои чашнхо дар якчояги бо гурухи эчоди барномаи мустакими Тамосро пешкаши тамошобинон мегардонад. Рисолаи илмии худ дар мавзуи «Таърихияти насри Сотим Улугзода» химоя карда, номзади илм ва дотсент мебошад.С.Бакозода муаллифи ду китоб, 1 монография ва 10 маколаи илми аст.
Айни замон (2017) дар вазифаи муовини якуми директори Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон “Ховар”-и назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият дорад.
Накша дорад киссаи зиндагии кахрамонхои барномаи «Сарнавишт»-ро дар шакли як китоб чамъовари карда, нашр созад. Инчунин орзуи таъсис додани мактаби махсуси журналистикаи худро дорад. Оиладор, сохиби як духтар бо номи Шируя ва як писар бо номи Билол аст.