РАУПОВА Нигина

РАУПОВА Нигина, таваллудаш 21. 05. 1945, зодгоҳаш деҳаи Шерамони ноҳияи Файзобод.
Нигина Рауфова
Ҳофизи халқии РСС Тоҷикистон (1977). Фаъолияти эҷодиаш дар маҳфили ҳаваскорони Иттиҳодиияи истеҳсолии матоъҳои пахтагии ш. Душанбе оғоз ёфтааст. Баъд аз ғолибият дар азназаргузаронии ҳаваскорони санъати ш. Душанбе (1969 – 70) барои кор ба яке аз клубҳои шаҳрӣ даъват гардид. Солҳои 1971 – 75 сарояндаи ансамбли суруду хореографии Филармонияи давлатии Тоҷикистон ва ансамбли «Гулшан» (1975 – 76), аз соли 1976 сарояндаи Ансамбли мақомхонон ва баъд ансамбли «Дарё»-и Комитети РСС Тоҷикистон оид ба телевизион ва радиошунавонӣ буд. Раупова Н. овози дилнишину ҷолиб дошт, сурудро бо услуби хос месароид. ӯ махсусан дар иҷрои суруду таронаҳои ишқӣ-лирикии халқӣ, инчунин дар сурудани офаридаҳои оҳангсозони тоҷик маҳорати баланд дошт. Сурудҳои халқӣ – «Ёрат манам», «Қадат баланд аст ёр», «Ман садқаи ту», «Намепурси номи ман», «Духтари каҷтоқӣ», « Нозам ба чашмонате», «Ошиқам» (оҳанги Ф. Одинаев, шеъри Лоиқ), «Аскарбача» (оҳанги Х. Абдуллоев, шеъри А. Қодирӣ ), «Бӯи гул» (оҳанги З. Шаҳидӣ, шеъри М. Турсунзода), «Ишқи хубон» (оҳанги М. Сафармамадов, шеъри халқ), «Кош медидам туро» (оҳанги Ҷ. Обидов, шеъри халқ) ва ғайра дар иҷрои ӯ писанди шунавандагон гардидаанд. Ба сурудҳои «Хуш омадед», «Наргиси шаҳло» «Файзобод», «Рубоиёт» худаш оҳанг бастааст. Ҳамроҳи Ансамбли рубобчизанон ва ансамбли рақсии «Лола» ба Белоруссия, Молдова, Украина, Франсия, Афғонистон, Эрон сафарҳои ҳунарӣ кардааст. Дорандаи Мукофоти давлатии Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ (1966). Бо Грамотаи Фахрии Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон сарфароз гардидааст.

21 декабри соли 2010 дар синни 65 солаги аз олам чашм пушидааст.
 
Верх Низ