РАУПОВ Абдураҳим, таваллудаш 23. 12. 1922, зодгоҳаш деҳаи Қанғелии ноҳияи Файзобод, корманди соҳаи маориф, Аълочии маорифи халқи Тоҷикистон. Иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ. Соли 1939 ба шӯъба ғоибонаи факултети таъриху филологияи Институти педагогии Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко дохид шуд ва ҳамзамон ба ҳайси ҷонишини директори мактаби алоқаи ш. Сталинобод (ҳоло Душанбе) ба фаъолияти меҳнати оғоз намуд. Солҳои 1941 – 42 муаллими мактаби ҳафтсолаи ноҳияи Роҳатӣ буд. Соли 1942 ба хизмати ҳарбӣ даъват шуд .Баъди хатми курси радио-телеграфии ш. Тошканд ба фронт фиристода шуд. То соли 1945 дар ҳайати аскарони ҷабҳаҳои Ҷанубӣ – Ғарбӣ, Сталинград ва 3-юми Украина зидди фашистон ҷангидааст. Баъди ҷанг солҳои 1945 – 48 муаллим ва мудири қисми илмии мактаби миёна, мудири шӯъбаи маориф, мудири шӯъбаи маданӣ-равшаннамоии ноҳияи Роҳатӣ, солҳои 1948 – 51 нозири шӯъбаи маориф, муҳаррири рӯзномаи «Меҳнати сотсиалистӣ»-и ноҳияи Файзобод буд. Солҳои 1953 – 53 дар Мактаби олии ҳизбӣ таҳсил кард. Солҳои 1953 – 62 вазифаҳои мушовир, мудири шӯъбаи илм, мактабҳои олӣ ва миёнаи КМ ҲК Тоҷикистон, солҳои 1962 – 67 муовини вазири маорифи Тоҷикистон, солҳои 1967 – 68 корманди масъул, мудири шӯъбаи Совети Вазирони Тоҷикистонро ба ӯҳда дошт. Аз соли 1988 нафақагири шахсии аҳамияти ҷумҳуриявӣ. Раупов А. дар ҳаёти сиёсию ҷамъиятии ҷумҳурӣ, ш. Душанбе ва ноҳияи Файзобод фаъолона иштирок кардааст. Барои қаҳрамонӣ, садоқат ба Ватан ва меҳнати поквиҷдонона бо ордени Ҷанги Ватанӣ, ду медали «Барои шуҷоат», медалҳои «Барои мудофиаи Сталинград», «Барои ғалаба бар Германия дар Ҷанги Бузурги Ватании соҳои 1941 – 45», «Барои шуҷоати меҳнатӣ», «Барои адои хизмати Ватан дар Қувваҳои Мусаллаҳи СССР», «Ветерани меҳнат», Жуков, Грамотаи Фахрии Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон сарфароз гардидааст. 5 декабри соли 2001 вафот кард.