Рачабали Фаизуллоев ФАРРОШДУХТАР

ТОҶИКОН ФОРУМ

Бот Модератор
Команда форума
Регистрация
25.01.2023
Сообщения
1 560
( қисса) қисми 1
Табиати кӯҳистони мо аҷаб зебост.Талу пуштаҳо, дарахтони сарсабз,боду ҳавои форам ин ҳама ба тану ҷон қуввату дармон мебахшад.Махсусан баҳору тобистон ва тирамоҳи файзбахш саири домани гардуни Ватани азизи ба чашми ҳамабин тароват дигар дорад.
Автомобили " Мерседес"- ам баъди ду соати ҳаракат дар баландии теппае, ки хеле сабзпуш буд, қарор гирифт.Як гурӯҳ бачаҳо, ки дар қади роҳ гулфурӯши мекарданд, моро дида ба наздамон омаданд.
- Салом ака, аз мо ягон чиз мехаред?- ба аинаки сиёҳи дастам, ки аз чашмонам гирифта будам, назар карда пурсид писарчаи малламуи, ки дар синну сол аз рафиқонаш хурдтар буд.
- Шумо чи мефурӯшед?- табассумкунон пурсидам аз ӯ
- Себҳои ширину бомазза дорем, сатилаш даҳ сомони,- бо як оҳанги ифтихори ҷавоб дод ҳамсӯҳбати хурдсолам.
- Себҳои кӯҳистон дар ҳақиқат ширину обдор ва бомаззаанд, биёред як сатилашро ман мегирам,- овози бачаро шунида таъкид кард яке аз мусофирони дохили нақлиётам, ки ба мо ҳамроҳ мерафт.
Пас аз савдои сари роҳи бо бачаҳои савдогар хайрухуш карда автомобилро ба ҳаракат дароварда ба роҳ баромадем. Ҳамсафарони ман, ки ба кӯҳистон ба меҳмони мерафтанд, дар қишлоқи Беди баланд маро қарор дода аз мошин карда фаромаданд. Маро мебоист, сараввал ба маркази ноҳия рафта, ба назди мудири маориф даромада, роҳхатамро ба ӯ нишон диҳаму сипас ба ҷои муайян гардида равам.
Хушбахтона мудири маорифро дар утоқи корияш паидо кардам.
- Додар, хуб карди, ки ба тарафҳои мо омади, мо ба ту барин муаллимони ҷавон ниёз дорем.Дар ноҳияи мо муаллим намерасад, агар хоҳишатон бошад, Шуморо ба деҳаи Яккатут мефиристем.Мардумаш бисёр меҳмондустдор, муаллимро хеле ҳурмату эҳтиром мекунанд- фаҳмонд мудири маориф.Лозим шавад ба замини наздиҳавлигӣ таъмин мекунем,- нақлашро ҷамъбасткунон гуфт сардори маорифчиёни ноҳия. Сипас мудир аз киссааш телефонашро гирифта дуру дароз ба кадом нафаре мулоқот кард.Аз сӯҳбаташ дарк кардам, ки бо сарвари мактабе дар бораи ман гап мезанад.Баъди анҷоми гуфтугӯ мудир ба рӯям нигариста гуфт.
- Гӯш кун, Ҳусейнзода, ба Яккатут рафти, рост ба назди директори мактаб мерави, вай ҳамаи шароитро барои кор кардани ту таъмин мекунад.Ман лозим шавад, боз ба хабаргирият меоям,- вақти хаирихуш таъкидам кард мудир.
Қишлоқи Яккатут аз маркази ноҳия дар масофаи хеле дур ҷойгир будааст.Роҳҳои ноҳамвор, гарду чанги роҳ агарчи ба дилам мезад, аммо ман бо умеди расидан ба ин деҳи кӯҳистон мошинамро мерондам.Аз саргаҳи деҳа ҷӯйбори калоне мегузашт, ки обаш аз тарафи баландии қишлоқ меомад.Дар канори ҷуи қуҳи истода, мошинамро хуб поккори кардам.Писарбачаҳои деҳ болои харҳо савор аз куҷое барои захираи зимистонаи чорвои хонагиашон дарзаҳои калон- калони алаф мекашонданд.Онҳо мани ношиносро дида ҳаирон- ҳаирон баини худ пичир- пичир мекарданд.
- Бачаҳо мактаби деҳаатон дар куҷост?- пурсидам аз яке аз онҳо.
- Дар мактаб ҳозир ҳеч кас нест,ака,- ҷавоб дод ҳамон бача.
- Хонаи директори мактабро нишон дода метавонед?- боз пурсидам аз бачаҳо.
- Ина ҳамин Саид бачаи директораи, Шумо комиссия ҳастед?- фаҳмидани шуда, ба сулолам бо пурсиш ҷавоб гардонд ӯ ва Саидро ба ман нишон дод.Ман ҳамроҳи Саид ба хонаашон омадам.Директори мактаб гуё омадани маро медониста бошад, дар хонааш хеле таиёри дида мондаст.
- Додар дар роҳҳои каҷу килеб ва хоколудаи мо хеле азоб кашидагисти,ҳа?
- Ман якум бор аст, ба ин деҳаи Шумо омада истодаам,- табассумкунон гуфтам ба директор. Дар ҳуҷраи барҳавояш гирди дастурхони пурнозу неъмат нишаста, хеле сӯҳбат кардем.Пас аз нисфирӯзи ба назди мактаб ҳамроҳи директор омадем.Мактаби деҳа чандон калон набудаст.Ҳамаги шаш синфхона, дар шафати он майдончаи варзиши ҷойгир будааст.Чанд нафар занону духтарон сӯҳбаткунон дару тирезаҳои мактабро поккори мекарданд.
- Духтарҳо муаллими нав овардам, шинос шавед!- хандида садо кард директор ба коргарони хоҷагии мактаб.
- Муаллими мавсими набошад, хуб,- ҷавоб дод яке аз духтарҳо
- Не, ин ҷавон барои кори омузгорияш аз маркази шаҳр хеста омадаст, иншоолоҳ кор мекунад,- фаҳмонд директор ба онҳо ( давом дорад)
 
Назад
Верх Низ