РАҲИМОВ Фирӯз Файзалиевич, таваллудаш 26. 03. 1978, зодгоҳаш ноҳияи Файзобод, номзади илмҳои ветеринария. Дотсент.
Соли 1999 факултети ветеринарии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистонро хатм намудааст. Солҳои 1999 – 2000 ординатори кафедраи «Паразитология ва назофоти ҳайвонот», 2000 – 03 омӯзгори ҳамин кафедра, 2003 – 04 мутахассиси пешбари Озмошгоҳи илмӣ-тадқиқотии кафедраи ҷарроҳӣ ва қобилагӣ буд. Аз соли 2004 ба ҳайси муаллими калон ва дотсенти кафедраи «Паразитология ва назофоти ҳайвонот»-и Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур фаъолият дорад. Дар факултетҳои тибби ветеринарӣ, агробизнес ва зооинженерӣ аз фанҳои «Токсикология», «Асосҳои ветеринария» ва «Назофоти ҳайвонот» дарс медиҳад. Соли 2011 дар мавзӯи «Эпизоотология ва иммунопрофилактикаи анаплазмози чорвои калони шохдор ва гӯсфанд» рисолаи номзадиро ҳимоя кардааст. Ҳоло декани факултаи ветеринарӣ аст.