РАҲИМОВ Файзалӣ

%d0%b3%d0%be%d0%b8%d0%b1-%d0%bc%d0%b0%d1%80%d0%b4%d0%be%d0%bd%d0%b0
РАҲИМОВ
Файзалӣ, таваллудаш 1. 01. 1950, зодгоҳаш ноҳияи Файзобод, номзади илмҳои техникӣ, дотсент (2006). Соли 1972 Институти хоҷагии қишлоқи Тоҷикистонро бо ихтисоси муҳандис-гидротехник хатм кардааст. Солҳои 1972 – 74 ассистенти кафедраи иншоотҳои гидротехникии Институти хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон, 1974 – 76 устои қитъаи сохтмону васлкунии ҳисоби хоҷагӣ, 1976 – 82 роҳбари идораи «Таълимиру сохтмон»-и ноҳияи Файзобод, 1985 – 91 роҳбари Калоннаи механиконидаи сайёри № 37, 1991 – 93 роҳбари трести «Файзободдеҳотсоз», 1993 – 95 муовини роҳбари идораи сохтмони ноҳияи Файзобод, 1995 – 2006 муаллими калони кафедраи «Механикаи сохтмон ва гидравлика», ҳамзамон 1995 – 99 аспиранти ғоибхони Институти математикаи АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон, 2006 – 07 дотсент, 2007 – 10 мудири кафедраи «Механикаи сохтмон ва гидравлика»-и Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур буд. Аз моҳи сентябри соли 2010 ба ҳайси дотсенти ҳамин кафедра фаъолият дорад.
 
Верх Низ