РАҶАБОВ Сироҷиддин Икромович, таваллудаш 8. 03. 1980, зодгоҳаш деҳаи Яккабеди ҷамоати деҳоти Меҳрободи ноҳияи Файзобод, номзади илмҳои химия, дотсент. Соли 2003 факултети химияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси химик-муҳандис хатм кардааст. Солҳои 2003 – 04 ассистенти калони кафедраи Пайвастҳои калонмолекула ва технологияи химиявӣ, 2004 – 07 аспиранти ҳамин кафедра, 2007 – 08 ассистенти кафедраи Пайвастҳои калонмолекула ва технологияи химия, 2008 – 10 ҷонишини декани факултети химияи ДМТ буд. Аз соли 2010 ба ҳайси мудири кафедраи пайвастҳои калонмолекула ва технологияи химияи ДМТ фаъолият дорад. Муаллиф ва ҳаммуаллифи зиёда аз 30 таълифоти илмӣ, аз ҷумла 14 мақола, ва 16 фишурда. Мақолаҳояш бо забонҳои русӣ ва англисӣ дар кишварҳои мухталиф ба табъ расидаанд.