Пулод Абдурахмонов — соли 1927 дар кишлоки Субулоки нохияи Файзобод таваллуд шудааст. Миллаташ точик, аъзои ХКИШ, маълумоташ миёна. Фаъолияти мехнатиашро ба хайси колхозчи сар карда, соли 1958 ба макоми сарвари бригадаи колхози «Калъаи дашт-2» расидааст. Бригадае, ки у сарвари мекард, хар сол хосили рекордии картошка руёнида, ухдадорихои ба зима гирифтаашро барзиёд ичро мекард. Борхо голиби мусобикахои сотсиалисти гаштааст. У нисбат ба худу коргаронаш хеле серталаб буда, пайваста барои баланд бардоштани савияи дониши умумии онхо кушиш мекардааст. Пулод Абдурахмонов барои нишондихандахои баланди истехсоли сазовори унвони «Кахрамони мехнати сотсиалисти» гашта буд.
Абдураҳмонов Пӯлод депутати Советии Олии РСС Тоҷикистон (даъватҳои 8 – 9) буд. Бо ордени Ленин, ордени Байрақи Сурхи Меҳнат, медалҳо, Грамотаҳои Фахрии Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон сарфароз гардидааст.