Писари шайтон

ТОҶИКОН ФОРУМ

Бот Модератор
Команда форума
Регистрация
25.01.2023
Сообщения
1 560
муаллиф ✍️ Шахлои Начмиддин☘️
🧕Модар дар бистари марг карор дошту чашмонаш интизор ба дари хона, ки ана њозир писарам меояд гуён ашк мерехт. Умеду интизори намегузошт, ки у зудтар чон ба чонофарин супорад. Хасан болои сараш рост истода нолаву фигон мекард.
-Очачон, моро тарк накунед. Бе шумо ман хеч касам. Падарчонам рафту маро танхо шумо бо азоб калон кардед.
-Писарам, мурдан барои хар як инсон карз аст. Ту факат гиря накуну ба чойи он аз Куръон сура хонда барои рухи ман дуои фотиња бифрист.
-Ох, ољачони ширинам, тамоми буду шудамро нисорат кардам, аммо ба дарди бедавоят даво наёфтам.
-Такдир бачам,худакатро эхтиёт кун. Бо Хусайн ошти кун. Ваъда дех, ки уро ба ватан бармегардони. Ин охирин васияти ман аст-ин сония хик-хик кунон чони модар аз танаш баромад. Муллои деха манахашро басту пилки чашмони уро пушид.
Хасан иродаашро ба даст гирифта, аз паси гуру чуби модар шуд. Марги модар барояш фочеа буд. Дар ин дунёи бевафо гайри модар дигар дилсузу мутаккое надошт. Чанде пештар хамсари азизу зебояш ба дарди саратон гирифтор шуда ин дунёро бо дили пурармон тарк карда буд. Акнун модари мехрубонаш хам уро тарк намуд. Як додари экизак дорад,ки аз одаму одамгари садхо фарсанг дур аст. Давраи навраси одамони онхоро мешинохтаги даст ба гиребон бурда байни хамдигар мегуфтанд, ки «худоё, ин хел хам мешудааст, ки аз як шикам дугоникхо ба дунё омада зоњинран монанд њам бошанд, хислатњои гуногун доранд».ОхирХусайн чунон бадрафтору бадахлок буд, ки аз зишткорихояш муаллимону хамсояхо ба дод омада уро «писари шайтон» мегуфтанд. Аммо Хасан тамоман баръакси у хислати неку хоксориро доро буд. Хамеша дар дарсхо фаъолона иштирок карда бахои панч мегирифт. Табиат ин дугоник-писарро чунон офарида буд, ки фарк карданашон ба гумон аст. Хасану Хусайн зохиран хеч фаркияте надоштанд. Аммо модар онхоро якчоя садо мекарду агар Хасан лаббай гуяд, Хусайн уф, безор карди мегуфт. Модар хардуро баробари чонаш дуст медошт. Вале, падар хислатхои бади Њусайнро дида ба у кариб ки ахамият намедод. Тамоми мухаббаташро ба Хасан равона сохта буд. Хусайн аз хурдиаш бо Хасан чанг мекарду уро мезад. Хасан бошад хеч гох ба Хусайн даст намебардошт. Хусайн болои дарахти хамсоя баромада олучахои онхоро медуздид. Хатто боре мурги хамсояро кушта партофта буд. Модар доимо рахми уро хурда охиста кохишаш медоду халос. Аммо падар бадчахл шуда, бо тасмаи шимаш уро хуб мекуфт.Вале Хасан баъди задани падар якбора бадтар шуда, хеч ислох намегардид. Рафтору кирдораш руз аз руз бадтар мегардиду бехтар не. Модар гоххо дар танхои нишаста андеша мекард, ки чаро Хусайн дигар асту Хасан дигар. Борхо бо Хусайн нишаста дар ин хусус сухбат кард. Аммо хама насихатхои модар аз як гуши Хусайн медаромаду аз дигараш мебаромад. Мегуянд, ки фарзанд душмани ширини инсон аст. Хусайн хам барои модар доимо мушкилот пеш меовард. Муаллимон мачлиси падару модарон гузаронида, уро доимо даъват мекарданд, ки «писари дуввумтонро аз мактаб пеш мекунем, ахлоки бад дорад». Боре духтари хамсинфашро бо шатта зада, пулхои уро аз сумкааш медуздад. Модари ин духтарак ки дар суди нохия кор мекард, падару модари уро ба суд дод. Падар дигар сабрашро аз даст дода, Хусайнро дар хона мушту лагадборон кард. Хусайн дасти падарро дошта дод зад, ки агар ин даъфа зани , мекушамат.Падар якбора оташ гирифта, аз гулуи у дошта фарёд зад, ки «чунин фарзанди шайтонсифатро худам буги карда кушам, бехтар аст». Онгах Хусайн падарро хобонида бо лагад якчанд маротиба ба шикаму миёнаш зад. Модару Хасан давида омада онхоро аз хам чудо карданд. Вале баъди ин зарбахои сахт падар дигар аз бистар нахесту дуои бадкунон дунёро тарк намуд. Хусайн баъди падарро куфтан тарсида аз хона гурехта рафту дигар барнагашт. Модар ба кормандони шуъбаи милиса ариза навишта хохиш кард, ки писарашро ёфта баргардонанд. Аммо чустучуйхо натичае надод. Хусайн кайхо гурехта ба Русия рафта буд. Мисли худаш дуздбачахоро ёфта дар вокзали рохи охани шахри Маскав оворагарди мекард. Аз ягон кори бад рўй намегардонид. Хамин чо хам байни бачахои оворагарди Маскав бо лакаби «Хусайн шайтан» маъруф буд. Хатто бо кормандони милиса созиш карда, хар мох ба онхо ба кавле «доля» медод. Хасан бошад мактабро бо нишони тилло хатм карда ба Донишкадаи тичорат дохил шуда, аллакай дар курси саввум магозаи шахсии худро кушод. Падар дами маргаш уро хуб дуои нек дода гуфт, ки харгиз Хусайнро ба ватан, ба хона барнагардонад, чунки ин писари шайтон метавонад хаёти уро сузонад.
-Писари азизи ман, агар хохи ки ман дар гурам тинч хобам, фаромуш кун, ки ту додари экизак Хусайн дори.
Аммо гапи охирини модар имруз Хасанро сахт ба риккат оварду у кайхо гуноххои кардаи додарашро аз хотир бароварда орзу мекард, ки уро ба хона баргардонад.
-Охир мо харду экизак бародаронем ку.-дилаш ба ёди Хусайн гум зада нарм-нарм тапид.
Хасан баъди хатми Донишгох ба шахри Маскав сафар карда, он чо тичорати худро ривоч дод. Баъди сарватманд шудан ба ватан баргашта дар нохия мехмонхонаи шахсии «Гулбог»-ро ифтитох дод. Аз чизе камие надошт. Аз маркази нохия хавлии бохашаматеро харидори карда модари пирашро кучонида ба наздаш овард. Барои модару фарзандонаш тамоми шароитхо мухайё буд. Барои табобат кардани хамсари дустдоштааш ба кучохое ки сафар накарданд, аммо дарди бедавои саратон уро айни гулшукуфти умраш хазон сохта шавхару фарзандонашро гузошта рехлат намуд. Хасан баъди маъракањои чилу соли модарро гузаронидан ба кофтукоби Хусайн баромад. Ба тамоми дустону наздиконаш занг зада хохиш кард, ки барои ёфтани Хусайн кумакаш намоянд. Хусайн дар муддати ин солхо ба дузди мохир табдил ёфта, гурухи чинояткоронаи худро дар шањри Самара таъсис дода буд. Харгиз ба гушаи хотираш намеомад, ки дар Точикистон додару модару падар дорад. Ба ин гуррух кисме аз чавонони миллатхои гуногун , ки асосан бекору тамбал буданд, шомил мешуданд. Хусайн рузхо ба хоби ширин фуру мерафту шаби дароз бо дуздбачахояш ба шикор мебаромад. Гоххо мухочирони узбекро таги шаттаву мушт гирифта мачбури пулхояшонро хангоми маошгириашон аз дасташон мегирифт.Харгиз ба гушаи хотираш намеомад, ки дар Точикистон додару модару падар дорад. Ба ин гуррух кисме аз чавонони миллатхои гуногун , ки асосан бекору тамбал буданд, шомил мешуданд. Хусайн рузхо ба хоби ширин фуру мерафту шаби дароз бо дуздбачахояш ба шикор мебаромад. Гоххо мухочирони узбекро таги шаттаву мушт гирифта мачбури пулхояшонро хангоми маошгириашон аз дасташон мегирифт.Хусейн сайдашро назди бинои истокоматиашон интизори мекашиду пайти мувофик кофта хангоми домофонро зер кардани у давида аз пасаш ба дохили бино ворид мешуд. Агар фахмад, ки ягон точикбача нав аз ватан ба мухочират омадааст, даррав уро ба хонаи худаш оварда либоси нав мехариду мегуфт, ки акнун шабхо бо ман кор карда пули калон меёби. Шумораи гуруххаш аз хисоби чавонони камсаводу бекор руз ба руз меафзуд. Хусайн тасодуфан бо духтари миллаташ чечен шинос шуд, ки падараш ба олами криминали хамрох буд. Падари Аслия баъди хостгори кардани Хусайн уро чун симои криминали шинохту барои домод шудани у даррав розиги дод. Аз дилаш гузаронид, ки Хусайн-шайтан дар байни дуздхо нуфуз дораду зуд ба воситаи у метавонад Ашраф бештар дар олами криминали маъруф гардад. Туйи домодии Хусайн хеле бошукух гузашт. Аслия ба ин чавони точики абрупайванд аз нигохи аввал дил баста, гумон мекард, ки Хусайн мисли симои зебояш инсони хуб аст. Хусайн нисбати Аслия мекушид, ки бадрафтори накунад. Аммо, хулки бад ба шир мебарояду ба чон меравад. Баъди як мохи туйи домоди у нагмахои номакбулашро огоз кард. Ба занаш руйи хуш намедод. Бе ягон бахона уро таги шаттаву шалок мегирифт. Баъди як соли зиндагиашон Хусайн бо дузддухтари узбек Лола шинос шуду дигар ба хамсараш тамоман ахамият намедодаги шуд. Аз маъшукаи нав ёфтани домодаш Ашраф хабардор шуда, боре маъшукаи уро ба воситаи мухофизонаш тарсонида тахдид кард, ки агар хамин даъфа бо Хусайн гап заданатро бинам, пустатро зинда ба зинда меканам. Маъшукааш хамаи ин суханони Ашрафро ба Хусайн расонид. Хусайн сари кахру газаб ба хонаи хусураш рафта аввал чангу чанчол бардошту сипас вахшиёна уро назди хушдоманаш бо табар зада ба катл расонид. Ду мухофизи Ашраф бар зидди у бархестанд, аммо онхоро низ аз тапончааш тир паронида захмдор карда гурехт. Аз шахри Самара бо хамрохии маъшукааш гурехта ба шахри Маскав омад. Ба Лола гуфт, ки гурехта ба ватани у мераванд, то муддате аз чашми касосгирандахо дур бошанд.Чунки одамони наздики Ашраф уро рузхои наздиктарин ёфта мекушанд. Дилаш пур буд, ки дар ватан уро хеле хуб пазирои хоханд кард. Хасан аз ташрифи ногахонии Хусайн хушу хурсанд дам ба дам уро ба огуш гирифта мегуфт, ки «чи хушбахти, ки туро ёфтем». Лола ба ин бародарони экизаки чун як себи дукафон монанд нигариста дар дил накшахои ахримани мекашид. Шабона дар танхои ба Хусайн дар бораи накшахояш накл кард.
«Медони, Хусайн, ту хушбахт будаи, ки бародари ба худат монанд доштаи. Акнун ту чойи уро иваз куну уро бо таври хиллаву найранг ба чоят ба Русия бифрист»
-Чи тавр? Охир у намеравад.
-Меравад . Мегуйи ки ту точири мохир хастиву ман ба бемории бедавои саратон гирифтор шудаам ва уро фиристон. Бовар, кун дилаш сухта меравад.
-Майлаш , аммо каме баъдтар.
Онхо байни хамдигар хуб маслихат карда, ба як карори ахримани омаданд. Баъди як мохи мехмони Хусайн ба Хасан дар танхои худро гамгину бемор нишон дода, гуфт, ки «акачон, ман як дард дорам. Дар Русия ба бемории саратони меъда гирифтор шудам. Ман холо худамро барои табобат кардан омадаам, харчанд медонам, ки баъди муддати кутохе ман мемирам.
-Ин тавр нияти бад накун. Дунё ба умед асту шайтон ноумед. Шояд ташхиси кардани духтурон иштибох бошад.
-Кошки, иштибох мешуд, кошки. Аммо ман дар Русия як корамро нотамом монда омдаам.
-Барои ин чи кумакат кунам, додаракам?
-Ту ку бом ан экизаки ва фарки ману турок асе пайхас карда наметавонад. Аз ту як хохиш, ба чойи ман ба Русия бирав ва тичорати маро муддате ривоч дех.Майлаш?
-Майлаш.Баъди як хафта Хасан ба чойи Хусайн ба Русия парвоз кард. Дар фурудгохи хавои мухофизи Хусайн уро аллакай интизор буд. Баъди салом алейк у гуфт, ки «ака, бехтараш намеомади, туро чеченихо кофта гаштаанд. Зинда монданат ба гумон аст.
-Ман гайр аз Худо аз касе наметарсам. Парво накун.
Рафтори хубу нарми Хасан мухофизашро хайрон карда буд. Охир Хусайн ягон бор Худо намегуфту шукр хам аз чизе намекард. Доимо аз забонаш дашному хакорат мекард. Мухофизаш аз дил гузаронид, ки шояд Хусайн дар ватан наздиконашро дида рафтораш дигар шуда бошад.
-Ака, дар Русия мафияи аз хама сахттарин чеченихо мебошанд, акнун ту чи кор мекуни?
-Ман ба тичорати худам машгул мешавам.
-Кадом тичорат, ака, лекин латифаи хуб гуфти.
Ин суханони чавони мухофиз Хасанро хайрон кард. Охир , Хусайн гуфта буд, ки у дар Самара ба тичорати мевахои экзотики машгул аст.
….Аз ин бармеояд, ки ин тичорат умуман вучуд надорад. Пас, савол ба миён меояд, ки додари ман дар ин чо то ин вакт дар кучо кор мекард.
-Номи ту ба фикрам Туйчи буд а?
-Бале, шеф, аз ёдат баромад чї?
-Не, набаромадааст.Аммо хастагии рохи дур маро фаромушхотир кардааст. Мухофизаш нобоварона ба руйи у нигох кард. Хамон чашмону хамон абрувон, аммо нигох, нигохт Хусайни золим набуд. Чашмони Хасан фарогири мехру садокат буд.
Туйчи аз дил гузаронид, ки «чаро ин марди золиму хунхор тагйир ёфта бошад? Сабаб чи бошад? Чаро мисли хардаъфаина дод намезанад. Маро мушт намефарорад.Ё шояд мафияи чеченихо тарсида ба ин хол фитода бошад»
Хасан ба хучраи Хусайн даромада, акси Аслияро дид.
-Инаш ки бошад?
Мухофиз ба акси Аслия нигариста гуфт:
-Ин янга асту нашинохтед?
-Чи тавр?
-Охир хамаи чангу чанчолхо аз руйи янга руй дод ку. Ин зан хамсаратон мебошад.
-Пас, у холо кучост?
-Тавба, зани шумову маро мепурсед?
-Медони, каме бемор шудам, бисёр чизхо аз ёдам рафтааст.
-Ин хел шуданаш мумкин нест, шеф, охир хонум Аслия хамсари шумо аст. Шумо падари уро ба катл расондед. Акнун дигар аз наздикони у халоси надоред. Ин мафияи чеченихо хатто дар чахон машхур мебошад.
Хасан акнун пушаймон шуд, ки чаро ба гапи Хусайн бовар карду ба Русия омад. Охир падари рахматиаш вакти маргаш зорияш кард, ки ба Хусайн харгиз бовар накунд. Акнун такдири у чи хохад шуд. Хасан накша кашид, ки субхи дигар чипта харида гашта ба ватан меравад. Аммо, шабону садои тирпарони баланд шуду уро шахсони никобдор бо тапончахо даромада муште ба сараш фароварда ба як колин уро печонида, ба мошин бор карданд. Вакте, ки ба хуш омад, болои сараш Аслия ва наздикони падари уро дид.
-Ха, номард, хушёр шуди?
-ХонумАслия шумо?
-Эхе, боз худатро нодонак мегири?
-Гуш кунед, маро то ба охир. Ана, баъд маро кушед, хам майлаш, ман розиам.
-Ту рози боши, набоши, ки ман барои марги падарам аз ту касос мегирам.
-Гуш кунед, ман на онам ки шумо фикр мекунед. Ман бародари дугоники Хусайн хастам.
-Боз ин афсона аз кучо?
-Ман боз касам мехурам, ки Хусайн бародари экизаки ман асту ман бошам Хасанам.
-Бо чи инро исбот мекуни?
-Ана, акс.
Хасан аз телефон акси худашу хамсарашро ба онхо нишон дода, дар дигар чой акси Хусайнро бо маъшукааш ки сабт карда буд, нишон дод.
-Ин факту далел шуда наметавонад.
-Агар бовар накунед, хозир ба Точикистон равед, он чо Хусайнро меёбед.
-Бовар надорем.
Вале, ин лахза ба ёди Аслия расид, ки хангоми аввалин бор шинос шудан Хусайн накл карда буд, ки дар ватанаш додари экизак дорад. Хатто таъриф карда буд, ки агар гунохи зиштеро у содир намояд, айбро ба сари додараш мезаданд.
-Истед, ба бародарзодахояш ишора карда гуфт Аслия.
-Ба фикрам, ин чавон рост мегуяд. Биёед мо хам накшаи худро фикр карда ин шайтонро чазои сазовор медихем.
Онхо маслихат карданд, ки Аслия бо бародарзодаи калониаш хамрохи Хасан ба Точикистон сафар мекунанду аз он чо бо тахдиду зури Хусайнро ба Русия оварда чазояшро медиханд.
Хасан бо онхо ба ватан омад. Аммо дилаш хичилу гамгин буд. Охир ба хар хол Хусайн чону чигараш буд. Медонист, ки окибати Хусайн факат марг аст. Аслия бо бародарзодааш маслихат карданд, ки аввал Хасан ба хонаашон раваду баъд онхо шабона ба он чо ташриф бубаранд. Вакте, ки Хасан ба хона омад, бародарашро наёфт. Хусайн аз омадани Хасану Аслия кайхо таввасути мухофизи дар Русия будааш огахи ёфта, хонаи бародарро горат карда гурехта рафта буд. Хасан ба Аслия ва бародарзодаи у хакикатро гуфт. Аслия дарк кард, ки ин даъфа хам тирашон хок хурд. Онхо як рузи дигар дар Точикистон монда сипас ба Русия баргаштанд.Хусайн пулхои барои туйи писаронаш чамъ кардаи Хасанро ки дуздида буд, маишат карда як мох гашт. Аз шахри Кемерово ба шахри Тверь омад. Аммо бародарзодахои Аслия ки дар кофтукоби у буданд, нишонии уро ёфта шабона омада бо маъшукааш дар хонаи ичорааш вахшиёна ба катл расониданд. Хатто часади уро оташ зада баромада рафтанд. Хабари марги Хусайнро мухофизи у ба Хасан занг зада расонид.
Окибати бади хамин аст-мегуфтанд байни худ хешу таборони Хусайн
Муаллиф:☘️Шахлои Начмиддин🌿🌿🌿
 
Назад
Верх Низ