Парчами Тоҷикистон (шеър)

  • Автор темы Халифабобо Ҷумъазода
  • Дата начала
  • Теги
    Нет
Х

Халифабобо Ҷумъазода

Меҳмон
Парчами Точикистон Се ранг карда дар бар


Парчами Тоҷикистон,
Се ранг карда дар бар.

Дар рӯйи он шукуфта,
Гулҳои ҳафт ахтар.

Сурхи бувад нишона,
Аз азму ҷоннисорӣ,

Ранги сафед – рамзест,
3-иқболи бахтиёрӣ.

24 ноябр рузи парчам, флаг таджикистана

Дар ранги сабз дарҷ аст,
Сарсабзиҳои кишвар,

Бояд, ки сабз бошад,
Ин хоки мо саросар.

Маънии ҳафт ахтар,
Ҳафт иқлими ҷаҳон аст.

Ё ҳафт водии бахт,
Дар мулки тоҷикон аст.

Тоҷаш бувад гувоҳе,
Аз обу хоки бунёд.

Ин тоҷи хисравонӣ,
Бар тоҷикон Худодод.

Парчами Тоҷикистон,
Чун бахт ёвари мост.

Хуршед сон ҳамеша,
Тобанда ба сари мост.
 
Р

Рузи Парчам

Меҳмон
Иди Парчами миллӣ муборак бошад!
------------------------------
Тоҷикистон, Парчамат ҳар ҷо парафшон омада,
Тоҷи заррин бар сари Сомонӣ, рахшон омада.

Қомат афрохта ба ҳар шаҳрат, Нишони давлатӣ,
Бо Суруди миллӣ фарзандон ба майдон омада.

Қаҳрамонон Айнӣ, Турсунзода, Бобоҷон Ғафур,
Махсуму Шоҳтемурат, бо Оли Раҳмон омада.

Додситони марди майдони далерат, Нуруллоҳ,
Ҷони худро дода ҳамчун қаҳрамонон омада.

Ваҳдату сулҳи туро нозам, аё зебо Ватан,
Болад аз нашъӯнамоят, ҳар кӣ меҳмон омада.

Дида чун гулҳо шукуфтанҳои ту, Мақсудалӣ,
Ҳамчунони андалебонат, ғазалхон омада.
 
Верх Низ