Парчами Тоҷикистон (шеър)

  • Автор темы Халифабобо Ҷумъазода
  • Дата начала
Х

Халифабобо Ҷумъазода

Парчами Точикистон Се ранг карда дар бар


Парчами Тоҷикистон,
Се ранг карда дар бар.

Дар рӯйи он шукуфта,
Гулҳои ҳафт ахтар.

Сурхи бувад нишона,
Аз азму ҷоннисорӣ,

Ранги сафед – рамзест,
3-иқболи бахтиёрӣ.

24 ноябр рузи парчам, флаг таджикистана

Дар ранги сабз дарҷ аст,
Сарсабзиҳои кишвар,

Бояд, ки сабз бошад,
Ин хоки мо саросар.

Маънии ҳафт ахтар,
Ҳафт иқлими ҷаҳон аст.

Ё ҳафт водии бахт,
Дар мулки тоҷикон аст.

Тоҷаш бувад гувоҳе,
Аз обу хоки бунёд.

Ин тоҷи хисравонӣ,
Бар тоҷикон Худодод.

Парчами Тоҷикистон,
Чун бахт ёвари мост.

Хуршед сон ҳамеша,
Тобанда ба сари мост.
 
Р

Рузи Парчам

Иди Парчами миллӣ муборак бошад!
------------------------------
Тоҷикистон, Парчамат ҳар ҷо парафшон омада,
Тоҷи заррин бар сари Сомонӣ, рахшон омада.

Қомат афрохта ба ҳар шаҳрат, Нишони давлатӣ,
Бо Суруди миллӣ фарзандон ба майдон омада.

Қаҳрамонон Айнӣ, Турсунзода, Бобоҷон Ғафур,
Махсуму Шоҳтемурат, бо Оли Раҳмон омада.

Додситони марди майдони далерат, Нуруллоҳ,
Ҷони худро дода ҳамчун қаҳрамонон омада.

Ваҳдату сулҳи туро нозам, аё зебо Ватан,
Болад аз нашъӯнамоят, ҳар кӣ меҳмон омада.

Дида чун гулҳо шукуфтанҳои ту, Мақсудалӣ,
Ҳамчунони андалебонат, ғазалхон омада.
 
Ҳ

Ҳаким Гӯё.

Шукри Истиқлолу
Шукри ин Ватан

Шукри Истиқлолу шукрат эй Ватан
Шукри ин марзи чаман андар чаман
Шукр аз он дорам ки зеби олам аст
Тоҷикистони биҳиштосои ман

Шукри Сулҳу шукри Ваҳдат мекунем
Шукри Истиқлоли давлат мекунем
Шукр мегӯем ҳазорон бор шукр
Шукри авҷи бахти миллат мекунем

Шукри фарҳанги ниёгон мекунем
Эҳтиром аз Оли Сомон мекунем
Сарбаланд аз бахту тақдири баланд
Шукри том аз Тоҷикистон мекунем

Тоҷикон ҳастанд Ваҳдат офарин
Дар ҳама кору амал бо ҳам қарини
Мегузоранд арҷу медоранд пос
Дӯстиро дар ҳама рӯи замин

Тоҷикистон сарзамини нозанин
Сарзамини мардуми фарофарин
Дар канорат орзу дорад кунад
Халқи олам аз раҳи ишқи яқин
 
Б

Бибиосия Аюби

ЭЙ ДУШАНБЕ, ШАҲРИ СИНОИИ МАН!

Килки таърих марзҳо аз нав кашиду ном кард,
Дар Душанбе тоҷиконро пойтахт эълом кард.
Ин хати таърихро тоҷик хати парвоз кард,
Боби нав дар ойини шаҳрофарияш боз кард.
Эй Душанбе, дар канорат хеш аз нав ҷустаем,
Бо тую бо обу хокат решапайванд рустаем.
Сангзорат азми моро диду коху ҷода шуд,
Кӯчабоғат роҳи кори Айнии озода шуд.
Шаҳри Бобоҷон* шудӣ, чун дарди миллат дошт ӯ,
Сафҳа-сафҳа «Тоҷикон» бо хуни дил бингошт ӯ.
Шаҳри ишқу орзуҳо, шаҳри илму фан шудӣ,
Баҳри Маҳмудҷони Воҳид саҳнаи аҳсан шудӣ.
Нағмаи «Боди сабо»-яш ғуссаҳоро чора шуд,
Аз Муқаддас** ҳар шарори хотира истора шуд.
Бар паёми сулҳ Турсунзода чун маъмур шуд,
Чун сафири «расми хуби тоҷикон»*** машҳур шуд.
Бо Улуғзода шукӯҳи Рӯдакӣ бедор шуд,
Рӯҳи Восеъ шод аз нав гашту шуҳратёр шуд.
Набзи ту набзи сухан шуд, конуни афкор шуд,
Мактаби шеъри Қаноат, минбари Бозор шуд.
Дарду виҷдон дар «Палоти кунҷакӣ» пайванд шуд,
Роҳи нав бо «Одамони кӯҳна» ҷустан панд шуд****.
Дар лаби рӯди ту Лоиқ ҳарфи лоиќ гуфта буд,
Шеъри дарди миллату дилҳои ошиқ гуфта буд.
Шаҳри ман, ҳар роҳҷӯро масдари имкон шудӣ,
Пайкари азму талошу мазраи сомон шудӣ.
Пойтахти сулҳ гаштӣ, ибрати Ховар шудӣ,
Суннати сулҳовариро ояи бовар шудӣ.
Ту садои нахватӣ, ҳам з-Оли Сомон орзу,
Сархати фардои моӣ, ворисонро обрӯ.
Аз Куруш ояндагонро нусхаи эълом ту,
Кохи давлатдориро девори истеҳком ту.
Шаҳри Синоӣ ту, ҳар як зарраи хокат давост,
Бӯалию пайкараш дар қалби ту, дар қалби мост.
Шаҳри Фирдавсӣ туӣ, канди ман аз «Шаҳнома»-ӣ,
Аз Каёни тоҷвар бар тољдорон номаӣ!
Шаҳри ман, эй достони нангу ори тоҷикӣ,
Бо хати гул гашта иншо бо шиори тоҷикӣ.
Дар раҳи меҳанпарастӣ машъали ирфон туӣ,
Пайкари худсозиҳои миллатамро ҷон туӣ!
Эй Душанбе, минбарию эътибори миллатӣ,
Мерасонӣ пайки истиқлолу соҳибдавлатӣ.
Субҳ меомад садои Рӯдакӣ:- «Обод зӣ»,
«Эй Душанбе, шаҳри миллат, «шод бошу шод зӣ»*****!
Эй насими рӯдборат«бӯйи Ҷӯйи Мӯлиён»******,
Эй Душанбеи шукуфон, эй Бухорои ҷавон!».
Бибиосия Аюбӣ
____________________________________________________________
*-Бобоҷон Ғафуров
**-Муқаддас Набиева
***- аз устод Мирзо Турсунзода
****- ишора ба асарҳои Фазлиддин Муҳаммадиев
*****-мазмун аз устод Рӯдакӣ
******- аз устод Рӯдакӣ
 
Верх Низ