ҶОНОВ Мирзо, таваллудаш соли 1929, зодгоҳаш деҳаи Очилдии ноҳияи Файзобод, генерал-майори милитсия. Баъди хатми мактаби 7-солаи деҳаи Қалъаидашт муддате колхозчӣ буд.
Соли 1949 Омӯзишгоҳи педагогии ноҳияи Орҷоникидзеобод (ҳоло ш. Ваҳдат) ва соли 1954 Омӯзишгоҳи милитсияи ш. Душанберо хатм кардааст. Солҳои 1954 – 82 милиса ва сардори ШКД-и ноҳияи Роҳи Оҳани (ҳоло Шоҳмансур) ш. Душанбе, 1982 – 85 ҷонишини вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 1985 – 94 директори мактаби ҳарбии ба номи Суворов буд. Бо ордени «Шарафи Меҳнат» ва медалҳову ифтихорномаҳо сарфароз гардидааст. Соли 2000 вафот кард.