ҲОМИДОВ Сафар, таваллудаш 12. 03. 1940, зодгоҳаш нохияи Файзобод, ҳуқуқшинос, мушовири адлияи дараҷаи якум, помковники адлия, Ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон. Хатмкардаи факултети ҳуқуқшиносии Унверситети давлатии Тоҷикистон (1975). Солҳои 1959 – 70 ронандаи автобазаҳои ш. Душанбе, 1970 – 72 муҳандис-механики колхози «Октябр», 1972 – 74 ҳуқуқшиноси управленияи хоҷагии қишлоқи комитети иҷроия, 1974 – 79 судяи иҷрочӣ ва судяи Суди ноҳияи Файзобод буд. Солҳои 1979 – 2000 дар мақомоти Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вазифаҳои гуногун кор кардааст. Аз соли 2000 нафақагир. Аз соли 2001 ҳамчун адвокати ваколатдор фаъолият менамояд.