Омӯзиши блогсозӣ. Блог чист? Тарзи сохтани блог

Admin

ТОҶИКОН ФОРУМ
Основатель проект
Блог чист? Блоггинг чист? Блогер кист? Блог чи тавр сохта мешавад? Ҷавоб ба ҳамаи ин суолот дар ин саҳифаи мо.


20181217_204736.jpg


Блог” сомонаи интернетии хурдҳаҷмро мегӯянд. Маъмулан блог ба як нафар тааллуқ дорад, ки нигоштаҳояшро дар он ҷой медиҳад ва ӯро “блогер” меноманд.

Одатан ин гуна сомонаҳои хурдҳаҷмро бидуни номи домении расмӣ (барои мисол “.tj”) фаъол мекунанд. Ба ин гунаҳо блогҳои Хуршед Атовулло (khurshedatovullo.wordpress.com), Шодӣ Муродов (murodiyon.wordpress.com) ва дигаронро мисол оварда метавонем. Мо бо дархости хонандаҳо тасмим гирифтем, ки тарзи сохтани блогро ба корбарони сомона нишон диҳем. Агар Шумо низ хоҳиши соҳиби блог шуданро дошта бошед, пас ин навишта барои Шумост.


Сомонаҳои зиёде вуҷуд доранд, ки дар онҳо Шумо блоги худро ҷой дода метавонед. Яке аз беҳтаринҳо дар ин миён wordpress.com ба шумор меравад. Мо низ тавсия медиҳем, ки барои фаъол кардани блоги худ аз ин сомона истифода баред.

Барои сохтани блог сараввал дар сомонаи мазкур худро ба қайд гиред.


Тарзи бақайдгирӣ

1.Ба сомонаи ru.wordpress.com ворид шуда, тугмачаи “Приступайте”-ро зер кунед.

Screenshot_2018-12-17-20-04-13-1-601x1024.png



2.Дар равзанаи баъдӣ ҳавзаҳоро ба шакли зер пур намоед:
1 – почтаи электронӣ
2 – логин
3 – рамз

Screenshot_2018-12-17-20-05-34-1.png



3.Дар равзанаи навбатӣ номи сомона ва самти фаъолияти онро нишон диҳед.

Screenshot_2018-12-17-20-06-26-1-603x1024.png



4.Дар равзанаи баъдӣ барои интихоби суроғаи интернетӣ номи сомонаро ворид мекунем ва аз пешниҳодоти wordpress.com якеро интихоб менамоем. Ҳангоми интихоби суроғаи интернетӣ ба он аҳамият диҳед ва шакли ройгонашро интихоб намоед.

Screenshot_2018-12-17-20-07-01-1-606x1024.png




Screenshot_2018-12-17-20-07-05-1-600x1024.png



5.Акнун барои худ тариф интихоб намудан монду халос. Барои оғози кор ройгонашро ба Шумо тавсия медиҳем.

Screenshot_2018-12-17-20-07-15-1-603x1024.png



Табрик мегӯем, Шумо соҳиби блоги шахсии худ гаштед. Дар дарсҳои баъдӣ танзим намудан ва ороиш додани блогро хоҳем навишт.


Аз натиҷаи коратон моро огоҳ созед. Мехоҳем, бидонем, ки ба корбарони ТОҶИКОН ФОРУМ то кадом андоза кӯмак карда тавонистем.
 
Верх Низ