‼️Оё Шумо медонед муаллифи мухаммас кист ⁉️

R

Rahmatullo Muhammad

Меҳмон
Ҳайфи қомати боло
ба нокас дуто кунад,
Ношукрии замона шоҳро ҳам гадо кунад,
Дурӯғ гуфта баҳри нафс бар аҳли хеш ҷафо кунад,
Аз кӯҳ агар санге фитад сад сангро беҷо кунад,
Марде чу номарди кунад сад мардро расво кунад.
Нопок чу порсоӣ кунад аҳсант бигӯемаш ҳама,
Бой ҳотамтоӣ кунад аҳсант бигӯемаш ҳама,
Мағруре хоксорӣ кунад аҳсант бигӯмаш ҳама,
Нодон чу доноӣ кунад аҳсант бигӯемаш ҳама,
Аммо чӣ битвон кард агар нодоние доно кунад.
Моро мағлуб мекарда охир худаш мағлуб шуд,
Моро маҳбуб мекарда маҳбуб шуд маҳбуб шуд,
Як чӯб моро заду ҷазои ӯ сад чӯб шуд,
Шавқе агар саркӯб шуд нохуб шуд нохуб шуд,
Аз кӯрзавқе дод агар истеза бо бино кунад.
Касе бо меҳр хиште гузошт албатта месозад бино,
Аз риштаи носуфта суфта месозад матоъ,
Доираро тасфони хуш меорадат садо,
Ҳар кас тавонад рӯдро бар ҷӯйҳо созад ҷудо,
Он кист ки аз дарёдилӣ як қатраро дарё кунад.
Бо сеҳри сӯхани хуш сархуш гардад ҳар саре,
Фақат бо одати нек гӯшҳо бишнаванд бале,
Ҳар куҷо чобук ҳам ҳаст то бибошад танбале,
Ҳар кас тавонад мурдаро бар хок биспорад вале,
Он кист, ки хоки мурдаро тоҷи сари дунё кунад.
Шукуҳе падид омад аз осмон то остон,
Шоҳномаи Фирдавсӣ– нанги Рустами достон,
Бо ишқи мо оғозад ошиқӣ ҳазордастон,
Ман бо касе ҳамдостон эй дӯстон эй ростон,
Имрӯзи худро зиннае то қуллаи фардо кунад.
 
Верх Низ