НИЗОМОВ Мӯҳриддин, таваллудаш 2. 02. 1973, зодгоҳаш деҳаи Элоки ноҳияи Файзобод, адабиётшинос, номзади илмҳои филология. Соли 1995 факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро бо дипломи аъло хатм намудааст. Солҳои 1995 – 96 ассистенти кафедраи таърихи адабиёти тоҷик, 1996 – 98 аспирант, 1998 – 2000 ҷонишини декани факултети филологияи тоҷик оид ба тарбия, баъд муаллими калон ва дотсенти кафедраи Таърихи адабиёти тоҷик буд. Соли 2002 дар мавзӯи «Масъалаҳои поэтикаи ғазалиёти Фаридаддини Аттори Нишопурӣ» рисолаи номзадиро ҳимоя кард. Аз соли 2007 вазифаи ҷонишини декани факултети филология оид ба илмро ба ӯҳда дорад. Муаллифи 2 китоб, 2 барнома ва 70 мақолаи илмӣ-оммавӣ мебошад. Мақолаҳои «Такомули вазн дар ғазалиёти Аттор» (1997), «Баъзе хусусиятҳои шаклии ғазалиёти Аттор» (2001), «Аттор ва Абусаиди Абулхайр» (2001), «Наврӯзнома»-и Умари Хайём» (2005», «Аттор ва Ҷалолуддини Балхӣ» (2007), ки дар маҷалла ва китобҳои дастаҷамъии «Адаб», «Ҷавонон ва ҷаҳони илм», «Маърифат», «Маводи конференсияи илмии Академияи корҳои дохилии Тоҷикистон» ба табъ расидаанд, доир ба хусусиятҳои эҷодии адибони гузаштаи тоҷик баҳс мекунанд. Бо Ифтихорномаи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардидааст.
Осор: Такомули вазн дар ғазалиёти Аттор, маҷаллаи «Адаб», 1997, № 7 – 9; Тазоди ақлу ишқ дар ғазалиёти Аттор, «Ҷавонон ва ҷаҳонӣ дониш», Д., 2000; «Наврӯзнома»-и мансуб ба Умари Хайём, маҷаллаи «Маърифат» 2003, № 1 – 2; Реализми ҷодуӣ дар достонҳои «Силсилатуззаҳаб» ва «Сабҳатулаброр»-и Ҷомӣ, «Паёми Донишгоҳи миллӣ», 2010, № 7 (63); Поэтикаи ғазалиёти Фаридуддин Атори Нишопурӣ, Д., 2011.