Б И Ё Б А Ҳ О Р, М А Р Ҳ А Б О!
Аз хоби нози шабҳои дурударозу тираву тори зимистона хоҳиши бархостану сар ба сӯи хуршеди оламтоб намудани нахустин сабзаҳо-гули наврӯзӣ, сияҳгӯшу бойчечак, гулафшониву сафедипошии шохаҳои дарахтони бодому зардолуи ғарқи нозу ишваву беғамиҳои хеш ба сарзамини мо, мужда аз расидани баҳору Наврӯзи ҷаҳонтобу оламафрӯз мерасонанд.
Дар ин рӯзҳо обшорон ба нағма даромада, гулҳо мешукуфанд, чаҳ-чаҳи булбулон ба гӯш мерасад, товусон ба рақс медароянд, замин бо махмали сабз рӯпӯш гардида, он бо оби найсони баҳорӣ шодоб мешавад. Бӯи гуворову дилпазири дарахти зебои ёс бо баргаку шохчаҳои занҷирмонандаш дар гунбади нилфоми баҳорӣ накҳату таровати дилангезро ба димоғ мерасонад. Нафаси хурраму нишотовари боди сабо бо насими субҳгоҳӣ муаттару хушбӯйтар мегардад. Ба ҷисму равони кас нурҳои офтоби оламоро рӯҳу тавону умеди тоза ато месозанд.
Чун фасли мубаррову дилорои баҳор дармерасад, вуҷудамро ҳиссиёти омехта фаро мегирад-аз як ҷиҳат ҳисси дилошӯбу зиндагиофар, аз тарафи дигар ёдномаҳои тираву мағшушу ҳузновар, чӣ гунае, ки Амир Хусрави Деҳлавӣ фармуда:
То ҷаҳон буд, аз ҷаҳон ҳаргиз диле хуррам набуд,
Хуррамӣ худ ҳеч гаҳ, гӯӣ, ки дар олам набуд.
Ғам бурун з-андоза шуд морову дил бар ҷо намонд,
Эй хуш он вақте, ки дил барҷой буду ғам набуд...
Айнан дар ҳамин фасли дилошӯб, ки арӯси солаш мехонанд, Яздони пок муқаддастарин олиҳа, офарандаи ҳаёт, поктарину беолоиштарин мавҷуди рӯи замин, батамкину пурбардошт, босабру тоқат, зани гулчеҳраву отифаро ба олам биёвард, ки дар оянда модари ман хоҳад гашт. Аслан, санаи мавлуди он кас 7-уми марти соли 1950 аст. Азбаски қиблагоҳ барвақт дунёи фониро тарк мегӯянд, Норинисои 15-сола ба хотири таъмин намудани оилаи бесаробонмонда дар аризаи ба корқабулшавӣ ва ҳуҷҷатҳои боқимонда таърихи мавлудашро ба 25-и марти соли 1949 тағйир медиҳад. Ба зудӣ дар паси дастгоҳи бофандагие, ки ҳанӯз чанд рӯз пештар падараш Алимуҳаммад-домулло фаъолият мекарданд, меистад...
Ба назар чунин метобад, ки фасли баҳор имкон медиҳад, ки натанҳо табиати фусункор, балки кулли мавҷудоти замин тавонад тамоми ҳунару истеъдоди фитриашро ҷилванамоӣ созад. Ҳатто дар нигоҳамону тарзи рафторамон, дар ниҳодамон гармиву шӯълаи тобанда баръало аён мегардад.
Аз паси панҷараи дури хотираҳо лаҳзае ба ёдам мерасад, ки нохун ба қалби нозукам мезанад. Баҳори соли 1982 дар маҳфиле, ки бахшида ба зиндашавии табиату бедории рӯҳу ҷон доир шуда буд, ҳикояи шодравон, нависандаи ҷанговар Ҳаким Карим “Марҳабо, баҳор”- ро, ки ба хубӣ дар хотираам ҳифз карда будам, ба ҳозирин гуфта, зери суханони лутфомезу мубораку шодбодгӯиҳо аз саҳна бадар рафтам. Он вақтҳо, ки наврас будам, ҳолати рӯҳии нависандаро чӣ тавре, ки имрӯзҳо эҳсос мекунам, ба таври бояду шояд дарк карда наметавонистам. Барои ақли кӯдакона фаҳмидан душвор буд, ки чаро бо баҳор қаҳрӣ будану хуршеди мунавварашро бад дидан мумкин бошад? Бегуфтугӯ, баҳри эҳсоси ин дард вақт лозим будааст, вале дертар фаҳмидам, мутаассифона...
Инак, шамоли ҳодисоту воқеаҳои зиндагӣ чанд даҳсоларо ба боди фанову парешонӣ равон намуду асри 21 даррасид, ки дар назди таърих солҳои рафта ба мисоли мижгони аз чашм фаромада хеле ночизу назарногир менамояд.
Бӯи баҳор мерасад, аммо бӯи модари раҳинтизор на...
Хабари нохуш пои тез дорад-мегӯянд. Саҳарии 19 -уми марти соли 2018 аз Хуҷанд ба шаҳри Тула қар-қаркунон зоғи номаи сияҳрасони телефони мобилӣ дарак дод, ки модари ҷонам дар зери лаб, қариб, ки ношунаво, базӯр-базӯр “Дили калонӣ, Дили калонӣ”- гӯён бо дили кашолу дидаи чор пилкҳои чашмашонро аз азобу дарду ранҷи беҳисоби рӯҳониву ҷисмонӣ бар абад пӯшидаанд. (Азбаски мо хоҳарон -Дилбару Дилафрӯз будем, модарам ҳамеша моро навозишомез Дили яку Дили ду мегуфтанд).
Аз ин дунёи фонӣ меравам оҳиста-оҳиста,
Зи субҳи ормонӣ меравам оҳиста-оҳиста.
Ҷаҳонеро, ки дар дил додаам ҷо, мебарам бо худ,
Надонӣ ё бидонӣ, меравам оҳиста-оҳиста.
Ба фарзандони худ мерос монда меҳрубониро,
Надида меҳрубонӣ меравам оҳиста-оҳиста.
Чу толеи заминӣ буд бар ман гавҳари ноёб,
Ба мулки осмонӣ меравам оҳиста-оҳиста.
Ба ҷисми нозукам оғӯш бикшояд замини сард,
Ба шаҳри бенишонӣ меравам оҳиста-оҳиста.
Ато созад Худо бар ҷисми ман озодии мутлақ,
Зи дунёи ҷавонӣ меравам оҳиста-оҳиста.
Зи боби бахт бар Норинисо ҳарфе мазан бар лаб,
Зи ҳиҷрон достоне меравам оҳиста-оҳиста.
– оварда дар шеъри “Падруд” модари ғамоғӯши ман.
Дар зеҳнам тоза нақш баста, ки рӯзи истироҳат буду билет то шаҳри Хуҷанд бо сабти санаи 18.03.2019 сол кайҳо дар дастам, чун медонистам, ки ҳолати модар вазнин аст. Аҷоибии кору бузургии дили модари беморро бинед, ки касе ба он кас гӯшона задааст, ки банда айнан ҳамин рӯз бояд расида оям ва модари бечораам то дақиқаҳои охирин чашминтизору дилбедор маро мунтазир истодаанд. Чун ақрабаки соат аз 24.00. гузашта, санаи тақвим тағир ёфт, дигар ноумед аз дидори вопасин равон гаштанд ба водии хамӯшони ҳасратҳову дардҳои якумраи карахшнобаста. Тани танҳо миёни хонаи калоне, ки замоне дар ин ҷо бахтро ҷустуҷӯ дошт, хешовандон дар хонаи дигар, бехабар аз андешаҳову забони безабони Норинисо, ки олами рӯъёро тарк мегуфт, соати 00.50 дақиқа барои хабаргирӣ даромаданд, ки аллакай амонаташро бар соҳибаш супорида...
Қасд кардагӣ барин, ҳамон шабу рӯзҳо дар Русия маъракаи интихоботи роҳбари давлат мегузашту дар парвозгоҳ тафтишотҳо давомнок буданд, бинобар он, бо таъхири 3 соат поям ба хоки шаҳри Хуҷанд расид. Ба сарзамине, ки аллакай маро касе бо дидаи чору дили беқарор (новобаста аз он, ки беҳушу беёд буд), интизорӣ намекашад. Ҳарчанд, ки ба додарам Илҳомҷон таъкид кардам, ки то расида рафтанам ҷисми беҷони модарамро нигоҳ доранд, то дафъаи вопасин хайрбод бикунам, ҷавоб дод, ки соати митингу лаҳзаи видоъ аллакай маслиҳат шудааст.
Модари ҷонам чу аз дунё гузашт,
Гавҳари дубора нопайдо гузашт.
Шаҳсутуни сабрро селоб бурд,
Ҳастиям чун олами рӯъё гузашт.
Мебарам бар ҳар куҷо бо нешу нӯш,
Бори вазнини ятимиро ба дӯш.
Гарчанде чанд тан аз хешону наздикон таъкиду насиҳат кардаанд, ки ҳамагӣ соатҳои башумор каминаро интизор бошанд, вале бо кӯшиши бисёри иддае аз нафарони “доно”-ву ҳамагӯву кинаҷӯ ақаллан ба дидори охарини волидаам расида натавонистам, ки ба онон инро ба ҳеч ваҷҳу ба ҳеч сурат бахшида наметавонам. Ҳамон сол Наврӯзи оилаамон бадбахтона, ба шаби сеюм, ки мардуми Хуҷандшаҳр бегоҳии охир меноманд, рост омад. То имрӯз ҳеч аз оинаи хотирам намеравад, (баръакс, он дар назарам равшантару гӯётар ҳувайдо мешавад, ҳарчанд мекӯшӣ, ки батамом пок бисозӣ, торафт ҷилояш чашмгир мешавад), чанд нафарони ангуштшумор аз хурсандӣ курта-курта гӯшт мегирифтанд, ки аз меҳнату азоби бемордориву шабзиндадорӣ халос шуданд. Чун ин манзараро медидам, ба хотири рӯҳи поки модари ҷафокашидаам лаб таҳи дандон карда, ҳаволаашонро танҳо ба Парвардигори бузурги беҳамто менамудам.
То кай замона доғи ғамам бар ҷигар ниҳад,
Як доғ нек ношуда, доғи дигар диҳад?
Ҳар доғ, ки рӯй оварад бар сӯи беҳтарӣ,
Ин доғро гузораду доғи батар диҳад?
Бо гузашти рӯзҳову солҳо ҳис мекунӣ, ки гӯиё дар назди гузаштагони хеш чизе қарздор бошӣ ва ё ягон кор нотамом мондаву бояд ту онро ба ҷо биёварӣ. Ҳарчанд фикр мекунам, ки он чӣ бошад, вале ҳеч фаҳмида наметавонам. Шояд ин бошад, ки дар лаҳзаҳои душвори ҷонканӣ паҳлӯяш набудаму ӯ ҳарфҳои паноҳиашро баҳри Дили калониаш ба хок бурд, то ба вақти Субҳи растохез онро ифшо бисозад?.. Шояд он бошад, ки ҷасади беҷони модарро надидаму барои гуноҳҳои дониставу нодониста кардаам маъзарат напурсидам?.. Шояд ҷавоби заҳматҳои шабонарӯзиашро гардонда натавонистам ва шояду чуну чароҳои беохиру бесару нӯг...
“Аҳд кардам, ки дигар ҷомаи дил пора кунам”, аммо... Мутаассифона, ғаму андӯҳ ба амсоли бародарони дугоник думболи ҳам мегарданду шодиву сурури мардумро ба кошонаи ҳузну маъсумиву нооромӣ табдил медиҳанд. Ҳанӯз ҷароҳатам дуруст карахш набаставу сиҳат ношуда, қалби пора-пораам ба ҳам наомада, баҳори соли 2023 илҳомбахшу саодатафзои зиндагиам, додараки ғӯрамаргу ормонношикастаи 47-солаам Илҳомҷон яку якбора ба таври фоҷиавӣ қалби пурармонаш ба маънои томаш кафид.
Айни замон аз ин зиёд дигар ҳарфе навишта наметавонам, зеро бароям хеле гарон аст бори навбатӣ аз пеши чашм гузаронидану тасвир намудани он рӯзи шуму наҳс ва ҳамзамон қалби шумоёни ҳамрозу ғамошнову дилбандро дар чунин рӯзҳои фараҳбахш ҳаргиз озурданӣ нестам.
Бовариву умеди комил дорам, ки баҳори меомада азизону пайвандони меҳроғӯшу ҷонпарвари моро бо нафаси тозаву сабзоинаш дар бағали биҳиштиву олуда ба меҳраш гирифта, аз сояи лутфу навозишаш дур намесозад. Чархи фалак агар ба ҳар нафаре аз мо мувофиқи имконияту фаросоту дарки эҳсосотамон сужаи ҳаёту рӯзгорамонро тарҳрезӣ мекард, шояд дар чаҳорчӯбаи он ғаму шодиву андӯҳу нишотамонро одилона бо реҷаи муайян тақсимот менамудем ва аз ҳодисаҳои таъҷилӣ эмин мемондем, кӣ медонад?
Гарчанде фасли зеббахшандаву ҷаҳонорои баҳор нахуст дар замирам тухми нишоту фараҳ бикошту пас аз он ба рӯзҳои маҳшар мубаддал гардонд, аз ӯ мутлақо озурда наям. Зеро солиёни давомдор дар оғӯши ҷонпарвару сеҳрофаринаш ҷашнҳои мавлуди модараму Илҳомҷонро бо шавқу шӯру валвалаҳову ҳамҳамаҳо қайд мекардем. Чун замин сахту осмони нилфом баланд, тақдир, ки чунин аст, чӣ тадбир битавон кард?
Новобаста аз имтиҳонҳои сахтгиру дергири зиндагӣ ҳаёт бо тобишу ҷилваҳои рангорангаш ширину бемислу беназир аст. Мехоҳам бо дили лабрез аз фараҳу шодмонӣ ва моломоли орзуву ҳавасҳои олӣ бигӯям, ки илоҳо баҳори имсола бо қадамҳои сулҳовар, осмони софу бе чангу ғубор, бо ризқи фарохи мардуми заҳматпешааш биёяд. Ягон нафар ғами ҳиҷрону заҳри талхи видоъу ҷудоиро набинад.
Баҳори нави бедардиву беғамиву хуррамӣ, баҳори дил, баҳори дидори гарму дидаи бедор, баҳори таманнову ниятҳову мақсадҳои нек, баҳори сулҳу пойдорӣ, баҳори покиву софӣ хуҷаста бод, азизонам!
Мақдамҳоят ҳумоюну фархунда, биё, баҳор, назари марҳамат намо!
М А Р Ҳ А Б О !
Бо дуои кӯҳсорон зиндаем,
Бо навои обшорон зиндаем.
Гар нагирад ҷони мо Парвардигор,
Аз баҳорон то баҳорон зиндаем.
Шаҳпараки омолу умедҳои зиндагиафрӯз бар сари китфи якояки шумоён биншинаду ба қуллаҳои нишонрастарини мақсаду мароми хеш бирасонад!
ДИЛБАР ВОҲИДОВА-узви конфедератсияи рӯзноманигорони ҶТ, Аълочии фарҳанг ва матбуоти ҶТ.
05.02.2025с. шаҳри Тула.