НА ИН НОТАКРОР, НА ОН БЕНАЗИР

Росташ ман ҳайрони гуфтаҳои бархе дӯстон ҳастам ва моҳияти ҳарфҳояшонро намефаҳмам. Мегӯянд, агар Рустами Эмомалӣ бошад шаҳри Душанбе обод мешавад, ҳама бахшҳои зиндагӣ рушд мекунад, майдончаҳои варзишии зиёд сохта шуд, ҷинояткорӣ кам мешавад.
Ҳатто яке менавишт, ки чун ин сер аст, чашмаш ба даромади мардум намешавад. Ҳоло ҳайронам, ки ин азизон содаанд ё моро сода пиндоштаанд.
Аввалан Рустам магар муъҷизакор аст, ё соҳир аст, ки бо буданаш ҳама норасоиҳо бартараф бишаванд? Агар тамоми вазоратхонаҳову ниҳодҳои ҳукуматӣ барои муваффақ нишон додани Рустами Эмомалӣ пинҳону ошкор талошу кор карданашон ва маблағҳои буҷаро барои ин амр харҷ карданашонро намебинед, фикр накунед дигарон ҳам намебинанд...
Мо ҷонибдори ободии пойтахти кишвар ва умуман ҳар як гӯшаву канори Тоҷикистони азиз будему ҳастем. Аммо ба ҳеч ваҷҳ намешавад пазируфт, ки ин пойтахти кишварро фақат Рустам ва Точикистонро фақат Эмомалӣ Раҳмон метавонанд обод кунанду субот ва рифоҳро таъмин намоянд. Воқеан, бо камоли эҳтиром ба ин падару писар, агар Тоҷикистон ба ғайр аз онҳо даҳҳову садҳо шахсе, ки шоистаи шаҳрдор ва кишвардор буданро надошта бошад, пас фардои торику даҳшатнок дорад ва забонам лол, маҳкум ба завол аст.
Бунмояи ҳама рушду рифоҳ ва суботи як кишвар бояд низоми давлатдорӣ ва қонунҳои он кишвар бошад, ки новобаста аз кӣ будани шаҳрдору кишвардор идома дошта бошад. Ҳоло дар замони як мудири шоиста ва кордон бо муваффақият ва дар замони камсалоҳияте бо муваффақияти андак.
Ҳамакора ва марди бартарин (Супермен) нишон додани як шахс оқибати даҳшатовар барои мардум ба бор меорад. Ин падидаи хатарзоро дар торихи мардуми ҷаҳон метавон фаровон мушоҳида кард ва ибрат гирифт.
Бовар кунед на Эмомалӣ Раҳмон нотакрор аст ва на Рустам Эмомалӣ беназир! Ҳарду ҳам инсонҳои оддӣ ва мисли ҳар шаҳрванди дигари кишвар ҳастанд! Шояд кори хуб аст, ки (ҳоло ба ҳар ҳадафе) таърифу тамҷидашон мекунед. Фақат як хоҳиш аз ҳад нагузаронед, ки Худой нахоста онҳо ба ин бовар кунанду худро нотакрору беназир напиндоранд. Ҳамеша як кам ба тавоноии худ шубҳа доштан, ба ҷоизулхато будани инсон бовар кардан ба манфиати ҳамагон будаву ҳаст...

(Ҷои зикр дорад, ки ин навишта аз панҷ соли пеш аст ва дар ҳамин рӯз рӯи сафҳаи фейсбукиям кошта будаам, ки имрӯз Фейсбук ёдоварӣ кард. Фикр мекунам вазъият дар ростои нотакрору беназир ҷилва додани падару писар ҳеч тағйири мусбат накарда, балки талошҳои таблиғотӣ бештар ҳам шуда. Беш аз ин, камбахтона, дигар падару писар ба ҳарфҳои чоплусону хокзанҳо бовар кардаанду худро беназиру нотакрор мепиндоранду мешуморанд…)
 
Верх Низ