📌МУСТАЗОД

R

Rahmatullo Muhammad

Меҳмон
Эй рехта савдои ту хуни дили моро бе ҳеҷ гуноҳе,
Бинвоз даме хастаи шамшери ҷафоро боре ба нигоҳе.
Боди саҳар аз равзаи ризвон хабар овард имрӯз ба гулзор,
Эй сарви равон, ҳаст магар пайки саборо дар кӯи ту роҳе?
Кас нест, ки бар бӯи гулистони хаёлат дар боғ тараб нест,
Чун лола зи ғам чок зада ҷайби қаборо в- афканда кулоҳе.
Занҷири сари зулфи туро, бо ҳама хубӣ, сунбул натавон гуфт,
Ҳаргиз накунад ҳеҷ касе мушки Хиторо нисбат ба гиёҳе.
Бишкаст ҳама лашкари султони кавокиб бар ҳар тараф имрӯз,
К- он зулфи зиреҳпӯши ту аз анбари соро оварда сипоҳе.
Аз ҳоло парешони Камолат хабаре нест, ҳайҳот!Чӣ тадбир?
Он кист , ки тақрир кунад ҳоли гадоро дар ҳазрати шоҳе?
 
Верх Низ