Муроҷиат аз номи шаҳрвандони кӯчаи Гипроземи, ноҳияи Синои, ш. Душанбе.

Ба муҳтарам Раиси шаҳри Душанбе, шахси созанда, бунёдкор ва ватандӯст Рустами Эмомалӣ.
Ба Вазири корҳои дохили муҳтарам Рахимзода Р.Х.
Ба сардори Бозрасии давлатии автомобили (БДА).
Ба Раиси Тоҷикстандарт.
Ба Раиси ноҳияи Синои, ш.Душанбе.
Муроҷиат аз номи шаҳрвандони кӯчаи Гипроземи, ноҳияи Синои, ш.Душанбе.
Муҳтарам Раиси шаҳр, Рустами Эмомалӣ бозори "Деҳқон" ягона бозоре дар шаҳр, ки 24/7 яъне бе рӯзҳои истироҳат, рӯзҳои санитарӣ фаъолият менамояд.
Мисол, бозори Корвон, ҳар чи ки бозори либос мебошад, ҳар рӯзи ҷумъа рӯзи санитарӣ дорад, вале бозори "Деҳқон" бозори хӯрока мебошад 24/7 фаъолият мекунад.
Минтақаи Гипрозем, яке аз минтақаҳои ифлоси на танҳо ноҳияи Сино, вале ш.Душанбе ба ҳисоб меравад.
Шабонарӯзи мошинҳои калони боркаш аз назди хонаҳои истиқомати мегузаранд, сигналҳои баландашонро истифода мебаранд, гирду атроф пур аз чанг.
Ҳам рӯзона, ҳам шабона тамбашавии роҳ мушоҳида мешавад, Худо накунад ягон хона ба сӯхтор дучор шавад на мошини сӯхтор хомӯш омада метавонад, на мошини ёрии таҷили.
Мошинҳои боркаш аз тамоми минтақаҳои Тоҷикистон меоянд вале одобу рафтори, фарҳангу, миллати моро дар Пойтахти азизамон аз пасти нишон медиҳанд. Ба ҳамагон, маълум аст дар Гипрозем меҳмонони бисёр аз тамоми шаҳрҳои Россия истиқомат мекунанд, кормандон ва оилаи 201 дивизияи Россия мебошанд.
Сад афсӯз муҳтарам Раиси созандаю, обод кор Рустами Эмомалӣ, чанқа заҳматҳои, ки падари азизатон, муҳтарам Пешвои миллат мекунанд барои баланд бардоштани номи давлат ва заҳматҳои Шумо баҳрии тозагии Пойтахти азизамон дар минтақаи Гипрозем барбод шуда истодааст.
Мошинҳои, ки ба бозори "Деҳқон" меоянд дар роҳо мошинҳоро мемонанд, дар назди хонаҳои истиқомати ва мешинанд тарбуз, харбузаҳоро хурда да ҷойи хурдаашон партофта рафта. Бади худ ифлоси карда мераванд. Чуйборҳои назди хонаҳо пур аз партофҳои тарбуз, харбуза, ҳама тараф пур аз паша ва буй.
Роҳи аз назди корҳонаи Кумитаи замин то назди хонаҳои истиқоматии 5 чанд сантиметр пур аз чанг. Мактабхоно, коргарон ба кор мераванд мошинҳо бо суръати баланд мегузаранд чанг ба осмон мехезад. Муҳтарам Раис, бо заҳматҳои Шумо давлати ҳамсоя техникаҳои беҳтарин барои шуштани роҳ тӯҳфа кардан, раиси ноҳия як бор назар накарданд, аз минтақаи бозори "Деҳқон", ки чи гуна чангу, ифлос рохо мебошанд. Дар болои ин, роҳ бисёр фарсуда, гуё, ки танкаҳо гузаштанд.
Мошинбозор зиёда аз 20 сол фаъолият кард, ҳамин роҳро истифода бурданд вале як бор ҳамин роҳро таъмир накарданд.
Ошхонаҳои, ки фаъолият мекунанд дар ҳолати антисанитари мебошанд, авқотҳои мондаро ба ҷӯйборҳо мерезанд, чуйборҳо ифлос вале ба онҳо фарқаш нест, ки ҷӯйборҳо дар назди ошхонаҳо мебошанд, пашаҳо ба ошхонаҳо медароянд.
Мошинҳоро дар роҳ монда, ронандаҳо дар роҳравҳо давра карда меистанд, бо оилаву, духтару фарзандон гузашта намешавад. Тарзи гап зани паст. Ҳар як гапошон дашном дорад. Дар роҳрав туф карда, семечка хурда мешинанд.
Як руз меҳмонони ҳориҷиҳо гузаштаистода буданд ва байни худ гап заданд гапашонро фаҳмидам, мегӯянд, ки Гипрозем мисли кӯчаи ифлоси Бангладеш.
Бовар кунед аз 365 рӯзи сол, 2 рӯз дар Иди Қурбон ва Рамазон бозор маҳқам, Гипрозем тоза ва ором мисли, ки дар хоб ҳасти.
Муҳтарам Раиси ҷавону, оқилу, ватандусту, дурандеш бисёр хуб мешавад, агар бозори "Деҳқонро" аз шаҳр берун карда шавад.
Чихел, ки аҷдодони мо мегуфтан аз вақтҳои қадим:
"Шунидан, кай бувад монанди дидан".
Ман ба навор нагирифтам, барои он ки чихел ки мегӯянд:
"Он чи ки аён аст, ҳоҷат ба баён нест"
Бе тартиби, ифлосии бозор шабонарӯзи, 24/7, 365 рӯз дида мешавад.
Марҳамат кунанд муҳтарам раиси ноҳияи Сино, як назар кунанд яке аз пур аҳволитарин кӯчаи ноҳияи Синоро ва бинанд дар чи гуна шароит 365 рӯз бечора, аҳволии Гипрозем хонаҳои аз 1 то 14 дар чи гуна шароит зиндаги мекунанд.
Бо боварии комил.
 
Верх Низ