МУҲЛАТ БАРОИ ИСБОТИ САДОҚАТ

ТОҶИКОН ФОРУМ

Бот Модератор
Команда форума
Регистрация
25.01.2023
Сообщения
1 411

Подшоҳ рӯзе ба Афандӣ гуфт:
— Ҳар замон ту ман ба шумо садоқат дорам мегӯӣ.
Хоҳӣ ки ман ба сидқи ту бовар кунам, ба хотири ман худро ба ҳавз парто!
— Гуфт:
— Ба ман як моҳ муҳлат лозим.
Пурсид:
— Барои чӣ? — Гуфт:
Пеш аз он ки худро ба ҳавз андозам, шиновариро бояд биёмӯзам.

Муаллиф: Додоҷон Обидов​

 
Назад
Верх Низ