МУҲИДДИНОВ Қиёмиддин Сайфуддинович

%d0%b3%d0%be%d0%b8%d0%b1-%d0%bc%d0%b0%d1%80%d0%b4%d0%be%d0%bd%d0%b0
МУҲИДДИНОВ
Қиёмиддин Сайфуддинович, таваллудаш 25. 05 1974, зодгоҳаш деҳаи Тахтиалифи ноҳияи Файзобод, номзади илмҳои техникӣ (2006). Соли 1998 фпкултети механикию технологӣ ва соли 2009 факултети энергетикаи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимиро бо ихтисосҳои муҳандис-технолог-механик ва муҳандис-электрик хатм намудааст. Солҳои 1998 – 2000 ассистенти кафедраи «Техникаи гармо ва нерӯгоҳҳои электрикӣ», 2000 – 03 аспирант, 2003 – 09 ассистенти кафедраи «Техникаи гармо ва дастгоҳҳои гармидиҳӣ»-и Донишгоҳи техникии Тоҷикистон буд. Соли 2006 дар мавзӯи «Тадқиқи хосиятҳои гармофизикии пахтаи навъи 9326-В ва ҷузъҳои он вобаста бо ҳарорат» рисолаи номзадиро ҳимоя кардааст. Аз соли 2009 ба ҳайси муовини декани факултети энеогетикӣ оид ба илм ва иҷрокунандаи вазифи дотсенти кафедраи «Техникаи гармо ва дастгоҳҳои гармидиҳӣ»-и Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ фаъолият дорад. Муаллифи зиёда аз 19 мақолаю хулоса, корҳои методӣ, китоби дарсӣ ва дастури озмоишӣ мебошад.
 
Верх Низ