Муҳайё Нозимова

Мухайё Нозимова.jpg
Муҳайё Нозимова,
соли 1984 дар оилаи муаллим ба дунё омадааст. Соли 1991 бори аввал ба мактаби миёнаи №15-и деҳаи Ҳайтак ба синфи якум рафта, баъдан таҳсилро дар мактаби №3-и деҳаи Қарабулоқ (ҳозира «Бӯстон») идома додааст. Соли 1993 бинобар кӯч бастани оила ба Душанбе, таҳсилро дар мактаби №24-и идома дода, соли 2002 мактаби №15-и пойтахт бо медали тилло ба итмом расондааст. Ҳамон сол ба Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон, факултаи журналистика ва тарҷумонӣ дохил шуда, соли 2007 ин даргоҳро бо дипломи аъло хатм кардааст. Баъди бомуваффақияти хатм, устодон пешниҳод мекунанд, ки ӯ дар ҳамин донишгоҳ ва ҳамин факулта, дар кафедраи забонҳои хориҷӣ ба донишҷӯён аз забони англисӣ дарс гӯяд. Ҳанӯз аз даврони донишҷӯӣ Муҳайё кори худро бо расонаҳои хабарӣ оғоз карда, аввалин таҷрибаи ӯ дар ТВ «Шабакаи аввал» ҳамчун ёвари коргардон буд. Оғоз аз соли 2004 то 2006 ҳамчун хабарнигор дар радиолоиҳаи «Роҳи абрешим», ки бо маблағгузории ЮНЕСКО роҳандозӣ мешуд, кор карда, ҳамин сол кори худро бо Маркази тадқиқотии журналистии Тоҷикистон оғоз намудааст. Дар ин муддат, дар радифи устоди донишгоҳи миллӣ будан, аз хабарнигор дар ҳафтаномаҳои «Фараж», «Овоза» то сармуҳаррири ҳафтаномаи «Ману ту» (2006-2010) кор кардааст. Оғоз аз соли 2011 Муҳайё муассис ва муҳаррири ҳафтаномаи «Овоза ва ҳақиқат» шуда, фаъолияти худро дар ин самт то 2012 идома додааст. Аз соли 2012 то соли 2016 дар вазифаҳои Ҳамоҳангсози миллии барномаҳои SCOOP (Шоҳигарии Дания) дар Тоҷикистон, сардори шӯъбаи маъюбони Китобхонаи миллии Тоҷикистон, мушовири ВАО дар ташкилоти ҷамъиятии «Марказ оид ба ҳуқуқҳои инсон», мутахассис оид ба алоқа бо ҷомеа дар ташкилоти байналхалқии «Фокус Кӯмаки Башардӯстона» (Фонди Оғохон) кор кардааст. Барои баланд бардоштани савия ва маҳорати касбӣ Муҳайё ҳамеша дар семинару тренингҳо ва конфронсҳои ватаниву хориҷӣ фаъолона иштирок мекунад. Дар баробари кори асосӣ, Муҳайё шаш лоиҳаи хурдро, ҳамчун фаъоли ҷамъиятӣ, бо дастгирии сафорати Амрико дар Тоҷикистон барои беҳбудии соҳаи журналистика ва кӯмаки ҷавонон амалӣ намудааст. Муҳайё Нозимова тарҷумони китоби Дебора Поттер «Рӯзноманигории мустақил» ва муаллифи дастурамал барои гузаронидани тадқиқоти журналистӣ «Тадқиқоти журналистӣ дар Тоҷикистон: аз назария то амалия» мебошад. Оиладор, соҳиби ду фарзанд.
 
Верх Низ