МИРЗО МАВЛАВӣ

%d0%b3%d0%be%d0%b8%d0%b1-%d0%bc%d0%b0%d1%80%d0%b4%d0%be%d0%bd%d0%b0
МИРЗО МАВЛАВӣ,
писари Мирзо Муҳаммадтақии Файзободӣ, таваллудаш соли 1903, зодгоҳаш деҳаи Файзобди ноҳияи Файзобод. Дар Бухоро таҳсил намудааст. Солҳои барқарорсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамроҳи Нусратулло Махсум дар Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон ба ҳайси котиб (мирзо, хушнавис) кор кардааст. Академик Абдулғанӣ Мирзоев дар «Ёддоштҳо»-яш Мирзо Мавлавиро ҳамчун яке аз хаттотони хушнавис ном бурда, ӯро устоди худ дар хушнависӣ ҳисобидааст. ӯ як «Ёддошт»-и падари Мирзо Мавлавиро, ки бо хати зебои форсӣ китобат шудааст, аз осорхонаи ш. Ленинград ба Тоҷикистон овардааст.
 
Верх Низ