МИРАЛИЕВ Салоҳиддин Раҷабович, таваллудаш 19. 09. 1970, зодгоҳаш деҳаи Бунгакиёни ноҳияи Файзобод, доктори илмҳои тиб. Аълочии тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон (2004). Соли 1994 факултети муолиҷавии Донишгоҳи давлати тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Синоро хатм кардааст. Интератураро дар кафедраи бемориҳои ҷарроҳии № 2-и Донишкадаи такмили ихтисоси кормандони тибби Тоҷикистон дар заминаи Беморхонаи ҷумҳуриявии клиникии ба номи А. М. Дяков гузаштааст. Солҳои 1995 – 97 ба ҳайси духтур – ҷарроҳи Беморхонаи марказии ноҳия, дармонгоҳи ноҳиявӣ ва Амбулаторияи табибии деҳотии ноҳия фаъолият намудааст. Солҳои 1997 – 2009 мутахассиси пешбари Сарраёсати ташкили ёрии тиббӣ ба аҳолӣ, сармутахассиси Раёсати ташкили хизматрасониҳои тиббӣ, сардори шӯъбаи ёрии госпиталӣ ва махсусгардонидашуда, муовини сардори Раёсати ташкили ҳизматрасониҳои тиббӣ, сардори Раёсати банақшаирӣ, ҳамоҳангсозӣ ва ҷорӣ намудани ислоҳот, сардори Раёсати ислоҳот ва робитаҳои байналмилалӣ, мушовири Вазири тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 2003 – 05 котиби мушовара ва 2007 – 09 узви мушовараи Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Аз моҳи августи соли 2009 садори шӯъбаи таҳлили сиёсати тандурустии назди Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Ҳамзамон дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино дар кафедраи ҷарроҳии № 1, кафедраи бедошти иҷтимоӣ ва нигоҳдории тандурустӣ бо курси таърихи тиб, кафедраи тибби оилавии № 1 ва № 2 ба ҳайси омӯзгор ва дар кафедраи тибби оилавии № 2 ба сифати мудир фаъолият намудааст. Аз моҳи декабри соли 2010 мудири кафедраи нигоҳдории тандурустии ҷамъиятӣ ва омори тиббӣ бо курси таърихи тиб мебошад. Муаллифи 2 китоб, 5 дастури таълимию методӣ ва зиёда аз 80 мақолаву фишурдаҳои илмист. Соли 1999 рисолаи номзадиро дар мавзӯи «Такмилдиҳии усули табобати ҷарроҳии захми сӯрохшудаи меъдаю рӯдаи дувоздаҳангушта» ва соли 2009 рисолаи докториро дар мавзӯи «Масоили тиббию иҷтимоии воридсозӣ ва такмили амалияи умуитиббӣ дар Ҷумҳурии Точикистон» ҳимоя намудааст. Бо Ҷоизаи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон (2004), Ифтихорномаи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон (2005) ва Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон (2007) сарфароз гардидааст.