Мазан тӯҳмат

Э

ЭҲСОНИ ФАРҲОД

Меҳмон
Мазан тӯҳмат ба рӯи миллати ман,
Макун таҳқир муҳоҷир-додари ман.
Макун бадному расво номи тоҷик,
Ки месӯзад вуҷуди модари ман.
* * *
Ки тоҷик мард буду мард хоҳад монд,
Ба мисли Рустаму Масъуду Сомон.
Зи хоне гар хӯрад як бурдаи нон,
Нахоҳад кард туф ӯ бар намакдон
* * *
Агар гаштааст имрӯз ӯ хор,
Мадеҳ ноҳақ ту ӯро ранҷи бисёр.
Мазан муҳри хато бар миллати ман,
Ки безораст ӯ аз қатлу куштор
* * *
Диҳи гар баҳри у як бурдаи нон,
Насозад қатл ӯ аз баҳри миллион.
Даруни қалби ӯ саршори меҳр аст,
Чи медони ту эй бемеҳру имон.
* * *
Ба ҷони мо ситам бисёр карди,
Ту айби худ ба дигар бор карди.
Битарс аз оҳи мардони мусофир,
Аҷаб ту миллатамро хор карди.
* * *
Нигоҳ кун сар ба по таърихи тоҷик,
Зи Ориёи то имрузи Тоҷик.
Саросар сулҳу инсонпарвари аст,
Сиёсатномаи шоҳони Тоҷик.
* * *
ЭҲСОНИ ФАРҲОД
 
Верх Низ