МӯМИНОВ Ҷӯрабег, таваллудаш 2. 02. 1947, зодгоҳаш деҳаи Ҷойникудии (ҳозира Чилчашма) ноҳияи Файзобод, рӯзноманигор, Аълочии матбуоти Тоҷикистон, Корманди шоистаи Тоҷикистон (1996), узви конфедератсияи байналмилалии рӯзноманигорон. Соли 1969 Университети давлатии Тоҷикистонро хатм намудааст. Солҳои 1966 – 69 дар маҷаллаи «Коммунисти Тоҷикистон» кор кардааст. Аз соли 1969 инҷониб дар нашрияҳои ноҳиявӣ фаъолият дорад. ӯ муаллифи китоби «Файзобод-таърихи қадим ва имрӯзаи он» мебошад, ки ба 70-солагии таъсисёбии ноҳияи Файзобод бахшида шудааст. Китоби дигараш «Таронабазм» соли 2011 ба табъ расид, ки беҳтарин дубайтиҳо, рубоиҳо, ғазалҳо, бадеҳаву тарона ва анвои дигари осори назмии ӯро фаро гирифтааст. Шеъру тарона, ғазалу рубоиҳои зиёди ӯ дар рӯзномаву маҷаллаҳои ҷумҳурӣ чоп шудаанд. Ҳаҷвияҳои ӯ мухлисони зиёд дошта, дар асоси онҳо дар ноҳия театр-студияи «Шаҳрошӯб» таъсис ёфтааст. 21 сол сармуҳарири рӯзномаи «Набзи Файзобод» буд. Айни замон нафақагир буда, фаъолияти кориашро ба ҳайси рӯзноманигор дар рӯзномаи «Набзи Файзобод» давом дода истодааст.
======================