КОМИЛОВ Шукрулло, таваллудаш 12. 08. 1943, зодгоҳаш деҳаи Ҷонварсӯзи ноҳияи
Файзобод. Коркуни шостаи маданияти Тоҷикистон, Корманди шоистаи алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Устоди алоқаи СССР. Омӯзишгоҳи маданӣ-маърифатии ноҳияи Ленин (ҳозира Рӯдакӣ)-ро хатм намуда, дар тарбияи кормандони соҳаи маданӣ- маърифатӣ саҳми муносиб гузоштааст. Баъд Институти омӯзгории ш. Кӯлобро хатм намуда, ба ҳайси директори Хонаи маданияти ноҳияи Файзобод дар ташкили театри халқӣ ва ҷалб намудани ҷавонони боистеъдод кӯшиши зиёд ба харҷ додааст. Сипас муҳаррири рӯзномаи навтаъсиси «Набзи Файзобод», муовини аввали раиси ҷамоати деҳоти Ҷавонон, соли 1972 сардори шӯъбаи алоқаи ноҳия таъйин гардид. Солҳои тӯлонӣ вазифаи раиси комиссияи тафтишотӣ ва раиси комиссияи Ҳизби коммунистии ноҳияро ба ӯҳда дошт. Дар ин давра бо ташаббуси ӯ бинои марказии алоқаи ноҳия ва чандин биноҳои замонавӣ дар деҳот сохта шуданд. Соли 1991 сардори идораи «Душанбеалоқа» ва соли 1996 директои генералии Департаменти давлатии «Почтаи тоҷик» таъйин гардид ва дар интихобу ҷобаҷогузории мутахассисони ботаҷриба саҳми калон гузоштааст.