Китоби “Таърихи Систон”

Дар ин мақола маълумот дар бораи “Таърихи Систон” оварда мешавад. Таърихи Сиистон >>

Боргирӣ намудани китоб (скачать)

tarikhi-siston.jpg


Муаллифи ин таърих маълум нест. Аз ахбороти дар дебочаи китоб сабтгардида бармеояд, ки ин асар дар давраи ҳукмронии Туғралбеки Салҷуқӣ (1040 – 1063) таълиф ёфтааст.

«Таърихи Систон» чунонки аз номаш маълум мегардад, таърихи Систонро аз давраҳои қадим то соли 1073 дар бар мегирад.

Умуман, ин асар дар хусуси таърихи тоисломии Систон, муҳити ҷуғрофии он, шахсони бузургу номдори ин сарзамин, таърихи халифаҳои араб ва забт кардани Систон аз тарафи арабҳо ва инчунин воқеаҳои сиёсии минбаъдаи ин диёр баҳс мекунад ва доир ба таърихи ин сарзамини қадима маълумотҳои муфиду муҳим медиҳад.

Дар «Таърихи Систон» воқеаҳо ба таври нисбатан объективӣ баён карда шуда, аз овардани ҳама гуна ҳикоятҳою ривоятҳои афсонавӣ худдорӣ карда шудааст. Муаллиф ҳангоми тавсифи қаҳрамонҳо ва шахсони мӯътабари Систон аз ашъори Рудакӣ, Дақиқӣ, Фирдавсӣ ва дигар шоирони гузаштаи форсу тоҷик мисолҳои зиёд меоварад.

Абдуллоҳи Ансорӣ

Боргирӣ намудани китоб (скачать)



Луғат:

дебоча
– сарсухан, муқаддима
халифа – ноиб, ҷонишин
объективӣ – воқеӣ, холисона
 
Верх Низ