Китоби Бобоҷон Ғафуров “Тоҷикон”- қомуси миллати тоҷик бо формати pdf

Халқи тоҷик ба иттиҳоди бузурги миллатҳои сотсиалистӣ, ки Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистиро ташкил додаанд, дохил мешавад. Вай ҳамроҳи бародари калони худ – халқи кабири рус ва дигар халқҳои бародари мамлакатамон таҳти роҳбарии Партияи Коммунистии Иттифоқи Советӣ бо қадамҳои устувор ба сӯи коммунизм пеш меравад.

Аз қадимулайём риштаҳои гусехтанашавандаи дӯстию ҳамкорӣ халқҳои Иттифоқи Советиро ба ҳам пайваста, муборизаи якҷояи зидди золимон ва истилогарон онҳоро муттаҳид сохтааст. Инро дар тимсоли робитаҳои таърихии ӯзбекҳо, тоҷикҳо, туркманҳо, қирғизҳо, қазоқҳо, қарақалпоқҳо ва дигар халқҳои республикаҳои Осиёи Миёна метавон возеҳу равшан мушоҳида намуд.

Тадқиқи таърихи халқи тоҷик барои донистани манбаъҳои равобити анъанавии халқҳои Осиёи Миёна кӯмак хоҳад расонд. Хусусан тоҷикон ва ӯзбекон, ки ташаккули халқияти онҳо дар асоси умумии нажодӣ қарор гирифтааст, бо ҳамдигар алоқаи хеле наздик доранд. Чунон ки ӯзбекон аз сарвати мадании халқи тоҷик баҳраманд мегардиданд, ҳамин тариқа, тоҷикон низ аз комёбиҳои маданияти халқи ӯзбек файзёб буданд; хусусияти маданияти моддӣ, урфу одат, санъат ва ҳунарҳои халқии тоҷикон ва ӯзбекон чунон наздиканд, ки гоҳо дар байни онҳо фарқ гузоштан мумкин намешавад. Таърихи давраҳои қадимтарин, қадим ва ҳамчунин давраи асримиёнагии ин халқҳо хеле шабеҳ ва аксаран яксон буда, илова бар ин сайри тараққиёти он дар як сарзамин ба вуқӯъ пайвастааст. Бо вуҷуди ин, ду халқ ташаккул ёфт, ки имрӯз ба миллатҳои сотсиалистии тоҷик ва ӯзбек мубаддал гардидааст.

kitobi_tojikon
Бинобар ҳамин ҳам омӯзиш ва таҳқиқи таърихи тоҷикон, саҳми ба худ хоси онҳо ба ганҷинаи тамаддуни башарӣ бо омӯзиш ва таҳқиқи таърихи ҳамаи халқҳои Осиёи Миёна, бо ошкор намудани он чӣ ки онҳоро муттаҳид сохтааст, алоқаи ҷудонашаванда дорад. Дар асоси чунин омӯзиш решаҳои амиқи таърихии ҳамкории бародаронаи халқҳои Осиёи Миёнаро муайян кардан имконпазир хоҳад шуд.

Чунон ки маълум аст, таърихи тоҷикон, мисли ҳамаи халқҳои Осиёи Миёна, бо таърихи бисёр халқҳои шарқи хориҷӣ, қабл аз ҳама, ҳиндустон, Покистон, Афғонистон, Эрон, кишварҳои араб ва як қатор мамлакатҳои дигар алоқаманд аст. Мо — таърихшиносони советӣ ба робитаҳои таърихии халқҳои Осиёи Миёна ва шарқи хориҷӣ, ки онҳоро дар мубориза барои сулҳ ва пешрафти иҷтимоӣ муттаҳид месозад, баҳои баланд медиҳем.

Дар асарҳои олимони буржуазӣ гузаштаи халқҳои Шарқ, аз он ҷумла тоҷикон, ҳамчун силсилаи беинтиҳои ҷангу ҷидолҳо ва табаддулоти дарборӣ тасвир ёфта, бештар нақлу ривоятҳо дар бораи подшоҳон, ҳокимон ва сипаҳсолорон оварда мешаванд; гоҳ-гоҳ дар байни ин нақлу ривоятҳо баъзе маълумоти роҷеъ ба таърихи маданиятро дучор омадан мумкин аст. Муаррихони буржуазӣ қонунияти таърихиро дар ин ҳолат ё умуман рад мекунанд ё худ аз нуқтаи назари идеалистӣ тафсир медиҳанд.

Тамоми ҳуҷҷат ва мадракҳои фаровони оид ба таърихи Осиёи Миёна нишон медиҳад, ки кӯшишҳои як қатор муаррихони буржуазӣ, аз ҷумла муаллифони ба Ватани советӣ хиёнат карда, ба хизмати империалистон гузашта, ки таърихи халқҳои ин сарзаминро холӣ аз зиддиятҳои синфӣ ва муборизаҳои синфӣ вонамуд карда, онро фақат чун арсаи задухӯрд ва низоъҳои ирқу нажодҳои мухталиф ба қалам доданӣ мешаванд, беҳуда ва бенатиҷа аст. Ин қабил муаррихон бар хилофи далелҳои илмӣ ирқро бо халқ айният дода, «назария»-и ҳаннотонаи мумтозии ин ё он ирқи «асил»-ро пеш меронанд. Дар айни замон онҳо ба як типи нажодии помирӣ-фарғонӣ нисбат доштани ӯзбекон ва тоҷиконро инкор мекунанд. Умуман кӯшиши аз нуқтаи назари ирқият тавзеҳ додани таърихи Осиёи Миёна, ҳамчунин дигар кишварҳо, зарарнок ва аз ҷиҳати илмӣ тамоман беасос аст.

Шарҳу баёни ҳақиқатан илмии ҳодисаҳои ҳаёти иҷтимоӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ ва мадании халқҳои гуногун фақат дар партави таълимоти марксистӣ-ленинӣ доир ба таърихи ҷамъият имконпазир мегардад. К.Маркс механизми тараққиёти ҷамъиятиро доҳиёна муайян намуда, гуфтааст: «Одамон дар истеҳсолоти ҷамъиятии ҳаёти худ ба муносибатҳои муайян ва зарурии ба иродаи худашон вобастанабудае – ба муносибатҳои истеҳсолие дохил мешаванд, ки ин муносибатҳо ба зинаи муайяни инкишофи қувваҳои истеҳсолкунандаи моддии онҳо мувофиқ меоянд. Маҷмӯи ин муносибатҳои истеҳсолӣ сохти иқтисодии ҷамъиятро, базиси реалиеро ташкил мекунад, ки бар болои ин базис надстройкаи ҳуқуқӣ ва сиёсӣ пойдор мегардад ва шаклҳои муайяни шуури ҷамъиятӣ ба ин базис мувофиқ меоянд. Тарзи истеҳсолоти ҳаёти моддӣ сабабгори умуман протсессҳои сотсиалӣ, сиёсӣ ва маънавии ҳаёт мегардад. Шуури одамон ҳастии онҳоро муайян намекунад, балки, баръакс, ҳастии ҷамъиятии онҳо шуури онҳоро муайян мекунад. Қувваҳои истеҳсолкунандаи моддии ҷамъият дар зинаи муайяни инкишофи худ ба муносибатҳои истеҳсолии мавҷуда ё худ – ки ин фақат ифодаи ҳуқуқии ҳамин муносибатҳо аст – ба муносибатҳои моликият, ки дар дохили ҳамин муносибатҳо он қувваҳо то ҳол инкишоф меёфтанд, зид меоянд. Ин муносибатҳо, ки пештар шакли инкишофи қувваҳои истеҳсолкунанда буданд, акнун кишани онҳо мегарданд. Он гоҳ давраи револютсияи сотсиалӣ фаро мерасад. Бо тағйир ёфтани асоси иқтисодӣ дар тамоми надстройкаи бузург ба таври каму беш тез табаддулот ба амал меояд»[1]. Илми марксистӣ-ленинӣ чунин мавқеи муҳими базис – маҷмӯи мураккаби муносибатҳои истеҳсолии ин ё он марҳалаи тараққиёти таърихиро ба асос гирифта, қонуни амали мутақобили базис ва надстройка, роли фаъоли надстройка ва шаклҳои муайяни шуури ҷамъиятии алоқамандии он, маданияти маънавӣ ва моддиро ошкор менамояд. Беҳтарин сарватҳои маданияти маънавӣ ва моддӣ, ки дар давоми ҳазорон сол аз таҷрибаи ҷамъиятию таърихии инсоният рӯидаанд, самараи фаъолияти моддӣ, илмӣ ва бадеии башарият, дониши пешқадам, назария ва шаклҳои мутараққии тафаккури эҷодӣ, яъне мероси маданӣ, бо тамоми маъниҳои умумисотсиологии он чун василаи муқтадир дар таҳаввулоти амиқи ҷамъияти ҳозира хизмат мекунад. Ин аст, ки мо ба омӯхтан ва таҳқиқи амалии гузаштаи таърихии ғании халқҳо пардохта ва ба он таҷдиди назар намуда, дар роҳи пешрафти ҳақиқии иҷтимоӣ ва ташаккули шахсияти мутаносиби коммунистӣ аз он нерӯи тозаи маънавӣ ҳосил мекунем.

Чунон ки маълум аст, муборизаи синфӣ қувваи ба ҳаракатоварандаи тараққиёти таърихии ҷамъияти антагонистӣ мебошад. Аз ин рӯ, шӯру ошӯбҳои халқӣ ҳар гоҳ ҷамъияти осиёимиёнагиро ба ларза меоварданд. К.Маркс ва Ф.Энгелс навиштаанд: «Озод ва ғулом, патритсий ва плебей, помешик ва крепостной, усто ва шогирд — хулоса, золим ва мазлум нисбат ба якдигар дар антагонизми доимӣ буданд, муборизаи пай дар паи гоҳ пинҳонӣ ва гоҳ ошкор мебурданд, ки ин мубориза ҳамеша бо азнавсозии револютсионии тамоми бинои ҷамъиятӣ ё бо ҳалокати умумии синфҳои муборизакунанда анҷом меёфт»[2]. Барои таърихшиносон чунин нишондоди В.И.Ленин бағоят муҳим аст, ки марксизм ба кашф кардани қонунияти ин ҳодисаҳое, ки «ба назар печдарпеч ва ҳарҷумарҷ менамоянд», роҳ нишон дод, яъне вай назарияи муборизаи синфиро кашф кард[3]. Илми таърихшиносии советӣ гузаштаи халқи тоҷик ва дигар халқҳои Осиёи Миёнаро маҳз аз ҳамин нуқтаи назар таҳқиқ менамояд.

ҳанӯз солҳои 20-ум роҷеъ ба масъалаҳои ҷудогонаи таърихи маданӣ ва сиёсии Осиёи Миёна тадқиқоти зиёде ба миён омад. Очеркҳои В.В.Бартолд оид ба таърихи тоҷикон, қирғизҳо ва туркманҳо, асари умдаи ӯ «Таърихи ҳаёти мадании Туркистон», беҳтарин асарҳои таърихӣ ва адабиётшиносии асосгузори адабиёти советии тоҷик устод Садриддин Айнӣ, инчунин як идда тадқиқоти А.А.Семёнов ва М.С.Андреев маҳз дар ҳамон вақт таълиф ва нашр гардида буданд.

Дар солҳои 30-юм методологияи марксистӣ дар тадқиқоти таърихшиносон мавқеи асосиро ишғол менамояд. Донишмандони таърих мадракҳои илмии пештар бадастомадаро аз дидгоҳи материализми таърихӣ дубора аз назар мегузаронанд (дар ин маврид махсусан хидмати А.Ю.Якубовскийро бояд хотиррасон кард), маъхазҳои нав пайдо мешаванд, дар ҳудуди Тоҷикистон нахустин экспедитсияҳои археологӣ ба кор шурӯъ карданд.

Солҳои пас аз ҷанг давраи бозёфтҳои хеле зиёди маъхазҳои мухталиф ва пуранвои таърихӣ ба шумор меравад. Дар ин давра архивҳои қадима, санадҳои асримиёнагӣ, материалҳои оид ба сиккашиносӣ, археология, палеоантропология, забоншиносӣ ва ғайра ба даст меоянд. ҳамаи ин ба амиқтар гардидани тадқиқот ва пурратар омӯхтани қонунияти протсесси таърихӣ имконият фароҳам меоварад. Дар баробари тадқиқи баъзе масъалаҳои алоҳида таърихчиён ба таълифи баъзе асарҳои калони монографӣ ва маҷмӯаҳо сар карданд.

Дар соли 1947 муаллифи ин сатрҳо асари ҷамъбасткунандаи «Таърихи мухтасари халқи тоҷик»-ро таълиф намуда, худи ҳамон сол ба забони тоҷикӣ ва сипас, се маротиба (охирин бор дар соли 1955) ба забони русӣ чоп карда буд, ки ҳар дафъа бо тасҳеҳу иловаҳо аз нав таҳрир меёфт. Ин асар дар асоси таҳлили марксистӣ тараққиёти таърихии халқи тоҷикро аз давраҳои қадимтарин то соли 1917 ба таври мухтасар баён менамояд. Илова бар ин муаллиф дар таълиф ва таҳрири асари сеҷилдаи коллективии «Таърихи халқи тоҷик», ки солҳои 1963–1965 дар Москва аз тарафи Академияи фанҳои Тоҷикистон нашр гардид, бевосита иштирок дошт. Дар солҳои баъд ӯ кори худро дар тадқиқи проблемаҳои таърих ва маданияти халқи тоҷик давом дод. Материалҳои фаровони бадастомада танзим ва таҳлилу ҷамъбасти худро тақозо мекарданд.

Ин асар, ки бо унвони «Тоҷикон. Таърихи қадимтарин, қадим ва асри миёна» ба диққати хонанда пешниҳод мешавад, аз ду китоб иборат буда, давраи тӯлониро аз замони пайдоиши ҷамоаи инсонӣ дар сарзамини Осиёи Миёна то ғалабаи Револютсияи Кабири Сотсиалистии Октябр дар бар мегирад.

Китоби якум аз чор фасл иборат аст. Фасли якум ба тавсифи сохти ҷамоати ибтидоӣ дар Осиёи Миёна бахшида шудааст. Дар фасли дувум ҳаёти қавму қабилаҳои мухталиф – аҷдоди тоҷикон дар давраи инкишофи муносибатҳои ғуломдорӣ тавзеҳ меёбад. Дар фасли севум тақдири таърихии Осиёи Миёна дар давраи зуҳури муносибатҳои феодалӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтааст. Фасли чорум вазъияти Осиёи Миёнаро дар давраи тараққиёт ва барқарории сохти феодалӣ баён мекунад. Китоби дувум фаслҳои панҷум ва шашумро дар бар кардааст: фасли панҷум таърихи халқи тоҷикро аз ибтидои асри ХVI то миёнаи асри ХIХ ва фасли шашум аз ҳамроҳшавии Осиёи Миёна ба Россия ва тараққӣ ёфтани муносибатҳои капиталистиро то ғалабаи Револютсияи Кабири Сотсиалистии Октябр тавсиф менамояд. Маълумоти мухтасари манбаъҳои таърихӣ, рӯйхати адабиёт ва маъхазҳои иқтибосшуда, феҳристи номҳои тамоми асар дар охири китоби дувум оварда мешавад. Чун дар ин ҷо номи асарҳо ба сурати мукаммал зикр ёфтаанд, дар поварақ фақат ба ихтисораи онҳо ишора хоҳад шуд.

Муаллиф, бешак, ба тадқиқи муфассали ҳамаҷонибаи тамоми масъалаҳои таърихи халқи тоҷик накӯшидааст. Асли мақсади вай воқеа ва ҳодисаҳои асосии таърихиро бо тадқиқи проблемаҳои хеле муҳим, мураккаб ва баъзан мубоҳисавӣ пайвастан аст.

Бисёр ҷиҳатҳои таърихи давраҳои қадимтарин, қадим ва аввали асри миёнаи тоҷикон ҳоло чунон ки бояду шояд омӯхта нашудааст, аммо материалҳои нав хеле фаровонанд. Аксар вақт масъалаҳои марбут ба ин ҷиҳатҳоро ба таври қатъӣ ҳал кардан имконпазир намегардад. Бинобар ин муаллиф баробари шарҳи прагматии фактҳо фарзияҳои ҳамкасбони советӣ ва хориҷиро аз назар гузаронида, мушоҳида ва нуқтаи назари худро сареҳан баён менамояд. Табиист, ки дар ин сурат нақл нисбатан тафсил ёфта, истинод ба сарчашмаҳо ва ишора ба тадқиқоту нашрияҳои таърихшиносӣ, бостоншиносӣ, сиккашиносӣ, забоншиносӣ, катибашиносӣ ва адабиётшиносӣ зиёдтар хоҳад гардид.

Дар ин китоб, ки асосан материалҳои дар осори илмӣ ба дараҷаи кофӣ тавзеҳёфтаро дар бар мегирад, мо ба қадри имкон аз такрори муаллифони дигар худдорӣ намудем. Чунончи, инро дар фасли давраи асри миёна, ки таърихи сиёсӣ ва қисман мадании он тавассути тадқиқоти чанд насли шарқшиносони рус ва советӣ, пеш аз ҳама, В.В.Бартолд, А.Ю.Якубовский, А.А.Семёнов, Е.Э.Бертелс, П.П.Иванов ва дигарон ба таври муфассал омӯхта шудааст, метавон мушоҳида намуд. Ба ин сабаб истинод ва ишораҳои поварақи ин фасл нисбат ба фаслҳои дигар маҷмӯӣ ва хулосавист.

Баъзе проблемаҳое, ки дар ин китоб мавриди таҳлил қарор гирифтаанд, аз инҳо иборатанд: дараҷаи тараққиёти маданият ва иқтисодиёти Осиёи Миёна дар асри биринҷӣ ва робита бо қабилаҳои ҳиндустон, Эрон ва кишварҳои дигар; масъалаи ориёӣ ва асоси нажодию забонии тоифа ва халқҳои қадимаи Осиёи Миёна, ҳиндустони шимолӣ, Афғонистон, Эрон ва даштҳои байни Европа ва Осиё; пайдоиш ва инкишофи ҷамъияти синфӣ; зуҳур ва таҳаввули оини зардуштӣ, синтези маданияти Осиёи Миёнаю Эрон, ҳиндустону Юнони Қадим; пайдоиш, хронология ва маданияти Кушониён. Ба тавсифи сохти иҷтимоию иқтисодии Осиёи Миёнаи қадима боби махсусе бахшида шуда, дар баробари таҳқиқи таърихии ин проблемаи мураккабтарин тамоми материалҳои мавҷуда, ки ҳиссае аз онҳо нахустин бор ба ин муносибат бардошта шудаанд, ба риштаи таҳлил кашида мешаванд.

Таърих ва маданияти аввали асримиёнагии Тахористон ва Суғд хеле батафсил тадқиқ шуда, ба тағйироти прогрессивии ҳаёти ҷамъият: тараққиёти қувваҳои истеҳсолкунанда ва пешрафти фавқулоддаи маданияти бадеӣ боис гардидани пайдоиш ва инкишофи муносибатҳои феодалӣ муқаррар карда мешавад. Дар ҳақиқат ҳам, Осиёи Миёна дар давраҳои кушонӣ, аввали асри миёна ва баъдтар ҳам яке аз муҳимтарин марказҳои мадании шарқ ҳисоб меёфт.

Дар бобҳое, ки ба пойдоршавӣ ва инкишофи муносибатҳои феодалӣ бахшида шудаанд, диққати асосӣ ба комёбиҳои наве, ки илми советӣ дар давоми зиёда аз ду даҳсолаи охир дар ин соҳа ноил гардидааст, нигаронида мешавад. Дар ин ҷо, пеш аз ҳама, тадқиқи тараққиёти қувваҳои истеҳсолкунанда ва муносибатҳои истеҳсолӣ, қонуниятҳои ҳаёти иқтисодӣ ва падидаҳои муайяни он дар назар дошта шудааст.

Дар китоб ба ошкор намудани хусусиятҳои хоси ҳар як давра ва тадқиқи ҷараёни инкишофи созмонҳои ҷудогонаи иҷтимоию сиёсӣ диққати махсус дода шуд. Муаллиф аз маълумоти риштаҳои гуногуни илм ва сарчашмаҳо ба таври васеъ истифода бурд, ки онҳо қабл аз ин чи дар тасвири манзараи умумии таърих ва чи дар тавсифи тараққиёти ҷамъияти Осиёи Миёнаи асримиёнагӣ ниҳоят кам ё тамоман мавриди истифода воқеъ нашуда буданд. Маданияти асримиёнагии халқи тоҷик мухтасар, вале бо фаро гирифтани тамоми ҷабҳаҳои он: адабиёт, илм, санъат, ҳунари меъморӣ ва маданияти моддӣ баён ёфт.

Муаллиф ҷараёни пайдоиши қавму нажодҳоро низ ба тадқиқ гирифта, барои нишон додани роҳи ташаккули халқи тоҷик ба ҷамъ ва таҳлили ҳамаи мадракҳои ба илми имрӯза маълуми манбаъҳои хаттӣ, забоншиносӣ, палеоантропологӣ ва антропологӣ, этнографӣ ва адабиётшиносӣ саъю кӯшиш намуд. Ба ташаккули халқи ӯзбек ҳам қисмати махсус бахшида шуд – дар ин ҷо, мисли дигар қисматҳои китоб, натиҷаҳои тадқиқоти ҳамкасбони ӯзбекамон, ки мабдаи қадимаи пайдоиши қавми ӯзбек, дараҷаи баланд ва бикрияти маданияти халқи ӯзбекро ба таври қонеъкунанда нишон додаанд, мавриди истифодаи васеъ қарор гирифт.

Дар асар шарҳу тафсири оқибати ба давлати ҳахоманишӣ, империяи юнону мақдунӣ ва хилофати араб ҳамроҳ карда шудани Осиёи Миёна, ки дар адабиёти илмии мо, аз ҷумла, дар таълифоти худи муаллиф мавҷуд буданд, то андозае вусъат пайдо намуд. Бояд гуфт, ки дар ин бобат ду навъ шарҳу тафсир маъмул аст: яке – ситоиши истилогарон ва паст задани савияи маданияти халқҳои Осиёи Миёна, ки хоси илми буржуазист; дигаре – таҳқиқу тавзеҳи дар илми советӣ муқарраршуда аст, ки дар он аз рӯи инсоф диққати асосӣ ба муборизаи озодихоҳонаи халқҳои Осиёи Миёна бар зидди истилогарон ва нишон додани махсусият ва савияи баланди маданияти маҳаллии ин сарзамин нигаронида мешавад. Пештар муборизаи зидди ақидаҳои буржуазӣ ва ба онҳо муқобил гузоштани шарҳу тафсири марксистӣ фақат як қисми ин масъаларо – асосан воқеаҳои сиёсиро фаро мегирифт. Аммо ҷиҳатҳои иҷтимоию иқтисодии масъала дар канор монда, ғайрикофӣ тадқиқ мешуд ё нодуруст баён меёфт. Муаллиф кӯшиш намуд, ки ба тадқиқи ҳамаҷонибаи ин масъала пардохта, онро бо материалҳои оид ба муносибат ва робитаҳои иқтисодӣ ва таърихию мадании халқҳо ва синтези маданӣ пурратар созад.

Инсоният маҳз ба тавассути ривоҷи истеҳсолот ва маданият, мубодилаи комёбӣ, дониш ва таҷрибаҳои амалӣ ба пешрафти худ ноил гардидааст. Муборизаи муттафиқонаи халқҳо, ки дар ҷараёни он дӯстӣ ва бародарии онҳо ба вуҷуд омада, беш аз пеш устувор мешуд, дар муқобили тохтутозҳои харобиовар ва ғоратгаронаи ӯрдуҳои Искандари Мақдунӣ, Чингизхон, Темур ва дигар истилогарон монеаи сахте гардида буд. ҳамкорӣ дар роҳи пешрафти иҷтимоӣ, алоқаҳои мусолиматомези тиҷоратию иқтисодӣ ба инкишофи синтези маданӣ мусоидат менамуд. Ба ин маънӣ санъати Юнони Қадим, санъати Қандаҳор, ки дар худ беҳтарин офаридаҳои мардуми ҳиндустон, Осиёи Миёна, Порт ва Юнонро пайвастааст ва адабиёти арабизабонро бо фазилатҳои байналмилалии он метавон хотиррасон кард. Иртиботи наздик ва ғанӣ сохтани маданияти якдигар боиси тавлиди сарватҳои муштараки маданӣ гардид. Дар айни замон анъанаҳои маҳаллӣ, хусусият ва ҷиҳатҳои ба худ хоси маданияти халқҳо, аз он ҷумла аҳолии давраҳои қадим ва асри миёнаи Тоҷикистон ва умуман халқҳои Осиёи Миёна, ки маданияти олӣ ва ба дараҷаи баланди тараққиёт расидаро ба вуҷуд овардаанд, маҳфуз монд.

Харитаҳои таърихӣ аз китоби «Таърихи халқи тоҷик (ҷ. I– II, М., 1963–1964) иқтибос шудаанд. Тасвирҳоро Эрмитажи давлатӣ, Институти санъатшиносии РСС Ўзбекистон, Институти таърихи ба номи Аҳмади Дониши Академияи фанҳои РСС Тоҷикистон, музеи Британия, ташкилоти бостоншиносии Франсия дар Афғонистон ва дигар муассисаҳои илмии советӣ ва хориҷӣ ва инчунин донишмандони ҷудогона лутфан дар ихтиёри муаллиф гузоштанд.

Таълифи асар дар соли 1970 анҷом ёфта буд. Бинобар ин, дар он асосан ҳамон манбаъҳо ва тадқиқотҳое, ки то охири соли 1969 ва аввали соли 1970 дастраси муаллиф буданд, мавриди истифода қарор гирифтанд. Он чӣ ки баъдтар, то аввали соли 1977, ба даст омад, дар нашри тоҷикии асар қисман истифода шуд.

Нашри русии китобро олимони советӣ ва хориҷӣ ба некӣ истиқбол карданд ва тақризҳои зиёд далели ин аст. Вале баъди нашри русии китоб аллакай панҷ сол[4] гузашт, ки ин дар айёми инкишофи босуръати илм муддати кам нест. Дар ин солҳо маъхазҳои мухталиф ва пуранвои таърихӣ пайдо шуд, археологҳо ҳам ба бисёр кашфиётҳои беҳамто ноил шуданд. Оид ба давраҳои гуногун бисёр асарҳои илмии тадқиқотӣ интишор гардиданд. Худи муаллиф низ тадқиқи ҳаматарафаи масъалаҳоеро, ки дар китоб дарҷ шуданд, идома дода, ҳудуди хронологии онро аз нимаи аввали асри ХVIII то ғалабаи Револютсияи Кабири Сотсиалистии Октябр расонид. Дар натиҷа зарурат пеш омад, ки баъзе нуктаҳои асар тағйир дода шуда, баъзе ҷойҳои он мукаммал ва баъзе фаслҳои он муфассалтар карда шавад. Вале гуфтан даркор, ки бандубасти асар тағйир наёфт ва фақат ба сабаби афзудани ҳаҷм китоб ба ду қисм ҷудо карда шуд.

Муаллиф ба ҳамаи онҳое, ки бо маслиҳат, илова ва қайду эродҳои муфиди худ ба ӯ кӯмак карданд, алалхусус ба А.Е. Бертелс, И.С. Брагинский, Э.А. Грантовский, Е.А. Давидович, А.М. Мирзоев, И.М. Оранский, В.А. Ранов, В. А. Ромодин, албатта, ба муҳарири нашри русии китоб Б.А. Литвинский ва муҳаррири нашри тоҷикии китоб А. Мухторов ташаккури самимӣ изҳор менамояд.



Боргузори кардан бо формати PDF
 
Верх Низ