КАМОЛЗОДА Сайфиддин, таваллудаш 3. 02. 1970, зодғоҳаш деҳаи Элоки ноҳияи Файзобод,
номзади илмҳои педагогика (2010). Соли 1992 факултети китобдории Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзодаро хатм намудааст. Солҳои 1992 – 93 мудири китобхонаи мактаби таҳсилоти асосии № 39, 1993 – 94 мудири китобхонаи № 15-и шӯъбаи фарҳанги ноҳияи Файзобод, 1994 – 2010 муаллим, муаллими калони кафедраи китобхонашиносии ДДСТ ба номи М. Турсунзода буд. Ҳамзамон солҳои 1999 – 2004 дар вазифаи ҷонишини сардори раёсати фарҳанги Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз соли 2004 ба ҳайси мудири Шӯъбаи китобшиносӣ, китобхонашиносӣ ва библиографияшиносии Пажӯҳишгоҳи фарҳанг ва иттилоот фаъолият дорад. Аз ибтидои соли 2011 вазифаи мудири Шӯъбаи масъалаҳои тарбияи наврасон, ҷавонон ва робита бо оилаю ҷомеаи Пажӯҳишгоҳи рушди маорифи Академияи таҳсилоти Тоҷикистонро ба зимма дорад. Соли 2010 дар мавзӯи «Китобхонаҳои бачагона ва мактабӣ дар низоми таҳсилоти Тоҷикистон: вазъият ва проблемаҳо» рисолаи номзади илмиро ҳимоя намудааст. Муаллифи силсилаи мақолаҳо роҷеъ ба масоили вазъи китобу китобдорӣ, нақши китоб дар тарбияи насли наврас, такмили фаъолияти муассисаҳои китобхонавӣ, роҳҳои густариш ёфтани хадамоти китобдорӣ ва ғайра, барномаҳои таълимии «Менеҷменти китобдорӣ (барои донишҷӯёни факултети китобдорӣ ва иттилоотшиносӣ), «Китобдор, библиограф-омӯзгор» (2009) мебошад. Бо нишонҳои сарисинагии «Аълочии маорифи Тоҷикистон» (2000) ва «Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон» (2004) сарфароз гардидааст.