КАБИРОВА Гулъизор, таваллудаш соли 1919, зодгоҳаш деҳаи Чуваи ноҳияи Файзобод, омӯзгор, Муаллими хизматнишондодаи РСС Тоҷикистон (1960). Омӯзишгоҳи педагогии ш. Душанберо хатм карда, дар мактаби № 7 деҳаи Хоҷамард ба ҳайси муаллим фаъолияти кориро оғоз намудааст. Баъд солҳои 1940 – 47 дар мактаби деҳаи Чува ва аз соли 1947 дар мактаби миёнаи деҳаи Хамисавра ба таълиму тарбияи насли наврас машғул шудааст. Барои хизматҳои шоёнаш бо ордени Байрақи Сурхи меҳнат, медали «Барои меҳнати шуҷоатнок. Ба муносибати 100-солагии рӯзи таваллуди В. И. Ленин», ду медали «Ветерани меҳнат» ва ифтихорномаҳои ҳукуматию давлатӣ сарфароз гардидааст.