ЮСУФОВ Шаъбон Тағоевич, таваллудаш 13. 02. 1960, зодгоҳаш деҳаи Файзободи ноҳияи Файзобод, кимиёшинос, номзади илми химия (1990), дотсент (1992). Соли 1982 Университети давлатии Тоҷикистонро хатм кардааст. Солҳои 1982 – 85 таҷрибаомӯз дар ш. Ленинград буд. Солҳои 1985 дар Шӯъбаи илмию тадқиқотии Мушкилоти химияи координатсинӣ ва экологии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон кор кардааст. Сипас ба Донишгоҳи технолгии Тоҷикистон гузашта, ба ҳайси муаллими калон, дотсент, мудири шӯъбаи таълим, мудири шӯъбаи тайёрӣ, мудири кафедраи технологияи саноати хӯрокворӣ ифои вазифа намудааст. Ҳоло ба ҳайси декани факултети ҳамин донишгоҳ фаъолият дорад. Соли 1990 рисолаи номзадиро ҳимоя кардааст. Соли 2002 бо нишони сарисинагии «Аълочии маъорифи Тоҷикистон» сарфароз гардидааст.