‼️Як пораи ҷигархун аз "Маҷнун ва Лайлӣ"-и 🖊 Амир Хусрави Деҳлавӣ

R

Rahmatullo Muhammad

Меҳмон
...К-он бут чу аз ин сарои ғам рафт,
Бо ҳамраҳи ишқ дар адам рафт.
Модар, чи бидид ҳоли Лайло.
Бардошт ба навҳа войвайло...
Маҷнун зи хабаркаше вафодор,
Огаҳ шуда буд зи заҳмати ёр,
Озурдадилу ҷигардарида,
Бар дар ба иёдаташ расида.
К-омад зи даруни дар нафире,
В-аз хона падид шуд сарире.
Лайлигӯён бародару хеш,
Эшон зи пасу ҷаноза дар пеш...
Ошиқ, ки назорае чунин дид,
Бардошт қадам, ки ҳаминон дид.
Дар пеши ҷаноза рафт хандон,
Не дарду на доғи дардмандон.
Аз дида раҳи ҷаноза мерӯфт,
Мегуфт суруду пой мекӯфт...
Маҷнун зи миёни анҷуман ҷаст,
В-афтод ба дахмаи лаҳад паст.
Бигрифт арӯсро дар оғӯш,
Рӯ дошт ба рӯю дӯш бар дӯш.
Ду ахтари саъдро ба покӣ,
Афтод қирон ба бурҷи хокӣ.
Хешони санам зи шарми он кор,
Ҷастанд ба ғайрат андар он ғор.
То соз кунанд хашму хунрез,
Бар кушта зананд ханҷари тез...
Карданд ба ҷунбиш озмунаш,
Аз ҷон рамақе надошт хунаш.
Бозӯ, ки ҳамоили санам гашт,
Аз ҳам накушод, баски хам гашт...
Хушвахт касе, ки аз дили пок,
Дар роҳи вафо чунин шавад хок!
Васл арчи бар аҳли дил вабол аст,
Васле, ки чунин бувад ҳалол аст.
Нафсе, ки набошадаш ҳаво ром,
Ромаш зи куҷо шавад даду дом.
Гар ошиқӣ ин мақом дорад,
Тақво ба ҷаҳон чӣ ном дорад?
То ҳар ду на дар мағоқ буданд,
З-олоиши нафс пок буданд.
В-имрӯз, ки шаҳобанди хоканд,
Пайдост, ки худ чӣ гуна поканд?
Авло бувад аз чунин нишоне,
Покизатане ба покҷоне..
💧
💧
💧
💧
💧
💧
 
Верх Низ