💧💧💧 ЯК МУРОҶИАТИ ДӮСТОНА!

З

Зайнулло Бобоев

Дӯстони азиз хоҳишан ҳамон аксу наворҳое, ки ба зиндагии шахсии баъзе одамон дахл дорад дар саҳифаҳоятон нагузоред, паҳн накунед. Фарқ надорад, ки он ҷанги хуштоману келин бошад ё ягон навори дигар.

Ҳайёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон дахлнопазир аст.
(моддаи 5-уми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон)

Конститутсия, ки бахтномаи миллат эътироф мешавад дахлнопазирии ҳайёти шахсиро кафолат медиҳад, пас чаро мо бошем ба ҳайёти шахсии дигарон дахолат мекунем ва онҳоро бадбахт месозем?

Тасаввур кунед, ки ҳамон навор ба апа ва ё хоҳари худамон тааллуқ дошта бошад, ба ҳеҷ ваҷҳ розӣ намешавем, ки он навор расонаӣ шавад. Аммо, дар мавриди дигарон бошад, ин корро раво мебинем. Беҳуда намегӯянд, ки "Кореро, ки барои худат раво намебинӣ,ба дигарон ҳам раво набин"

Бинобар ин аз шумо эҳтиромона хоҳиш мекунам, ки ҳамингуна наворҳоро дар тамошои омма нагузоред, зеро вазъияти мавҷуд бударо аз ин ҳам бадтар месозад на беҳтар.

Агар воқеан роҳи ҳалро мехоҳед беҳтараш ба мақомотҳои дахлдор муроҷиат кунед, қабл аз он ки навор расонаӣ мешаваду вокунишҳои зиёдеро ба бор меорад.

Зайнулло Бобоев
Донишҷуи факултети ҳуқуқшиносии ДМТ
 
Верх Низ