- Регистрация
- 25.01.2023
- Сообщения
- 1 582
Мегӯянд, ки рӯзе як эҳтиёҷманд назди Осиёбон меравад ва хоҳиш мекунад, ки ба ӯ гандум диҳад. Осёбчи ба муйсафеди фақир гандум медиҳад. Муйсафед гандумҳоро дар дастархоне мерезад, гиреҳ мезанад ва ба сӯи хонааш меравад. Дар роҳе, ки мерафт, ҳамеша дуо мекард: «Худоё, гиреҳ аз мушкилоти ман боз кун! Худоё, гиреҳ аз мушкилоти фарзандонам боз кун!» Ин қадар мегӯяд, то ин ки ногаҳон гиреҳи дастархонаш кушода мешавад ва гандумҳо ба замин мерезанд.
Ӯ бо нороҳатӣ рӯ ба осмон мекунад ва мегӯяд:
Солҳо нарди Худоӣ бохтӣ,
Ин гиреҳро аз он гиреҳ нашинохтӣ?
Ман туро кай гуфтам эй ёри азиз,
Ки ин гиреҳро бикшо ва гандумро бирез,
Он гиреҳро чун наёрости кушуд,
Ин гиреҳ кушоданат дигар чӣ буд?
Ман Худовандие надидам з-ин немат,
Як гиреҳ бикшодӣ, он ҳам ғалат!
Бо нороҳатӣ хам мешавад, то гандумҳоро аз рӯи замин ҷамъ кунад.
Чун барои ҷустуҷӯ хам кард сар,
Дид афтода яке ҳамёни (халта) зар,
Маҳз дар ҳамон ҷое, ки гандумҳо рехта буданд, халтаи тилло пайдо мекунад. Хеле хурсанд мешавад, саҷдаи шукр ба ҷо меорад, то ин ки нидое аз дарунаш ба ӯ мегӯяд:
Ту мабин андар дарахти ё ба чоҳ,
Ту маро бин, ки манам мифтоҳи роҳ!
Хулоса, ҳамеша умедатон ба Худои Меҳрубон бошад!