МЕҲРГОНИ МЕҲРБОН
Аз сабо пайғоми ҷон ояд ҳаме,
Меҳргони меҳрбон ояд ҳаме.
Бо ҳазорон каф Фаридуни чанор
Зарфишон дар бӯстон ояд ҳаме.
Бод бол аз барги гул бикшодааст,
Чун ҳумои парфишон ояд ҳаме.
Мечакад хун аз ду рухсори анор,
Лаъли дандонаш аён ояд ҳаме.
Ҳарчи пинҳон дошт аз мо то кунун,
Ин замонаш бар забон ояд ҳаме.
Рафт моҳи тиру омад моҳи меҳр,
Меҳр бе тиру камон ояд ҳаме.
Ҳофиз аз Шерозу Салмон аз Ироқ,
Бедил аз Ҳиндустон ояд ҳаме.
Ҳар ки меҳре парварад, дар Меҳргон
Сӯйи шоҳи Мулиён ояд ҳаме.
Рустами Ваҳҳоб