- Регистрация
- 25.01.2023
- Сообщения
- 1 489
Паёмаку хабару номаву навид муборак,
Зиёрату бағалу диду боздид муборак,
Чагалдаку лагани кулчаву харид муборак,
Ба модаре, ки чунин хони меҳр чид, муборак,
Ба ҳар диле, ки ба ҳар синае тапид, муборак,
Ба ҳар саре, ки зи ҳар фитнае раҳид, муборак,
Барои мардуми тоҷик РЎЗИ ИД МУБОРАК!
Зуҳури фалсафаи Мусҳафи маҷид муборак,
Паёми Дӯст, ки аз осмон расид, муборак,
Ҳулули рӯшани ин соати саид муборак,
Табассуме, ки зи файзи саҳар дамид, муборак,
Ба шабанаме, ки зи атри сабо чакид, муборак.
Ба анкубуд, ки колои нав танид, муборак,
Барои мардуми тоҷик РӮЗИ ИД МУБОРАК!
Абдуллоҳи Раҳнамо