Ҳавои тозаро Худо дода.

  • Автор темы Автор темы Shoira Rahimjon
  • Дата начала Дата начала
S

Shoira Rahimjon

Возможно, это изображение 1 человек и улыбается


Ҳавои тозаро Худо дода,
Ҷамъи озодаро Худо дода.
Нест ҳоҷат гаҳе шикоятро,
Ризқи нододаро Худо дода.
Маст аз бодаи ҳамин ҳоло,
Ин майу бодаро Худо дода.
Обруи надида душман, аҳ,
Бар мани содаро Худо дода.
Дар биёбон шутурсавор туву
Сарви пиёдаро Худо дода.
Дар хиёбони Ширини танҳо,
Хусрави ҷодаро Худо дода.
Ба ҳузурам ҳамон ки рафт, расид
Мани дилдодаро Худо дода.
Ҳазор шукр, шукри ин неъмат,
Ҳавои тозаро Худо дода. Sh.R.
 
Қаламатон сабз Шоирабонуи Ширинкалом
💐
💐
💐
💐
💐
Дуруд ба Шумо
💐
💐
.
Бар ошиқони шеъру таронаву ғазал,
Шоирабонуи беҳамторо , Худо дода!!
 
Бону Шоираи ширинкалому хушбаенро барои миллати мо Худо дода!!!
 
Ооо и дхта баноз кибоша туф туф чашми бад нарасаде зинда боши Шоираи ширин сухан
 
Назад
Верх Низ