Ғазали дард

  • Автор темы Автор темы Бобоҷон Нурзод
  • Дата начала Дата начала
Б

Бобоҷон Нурзод

Ба ёди кӯдакони кушташудаю маҷрӯҳ, занону модарон, ҷавонону мӯйсафедон ва дардмандони касалхонаи "Шифо", ки дар Фаластин, дар ватани хеш қурбони даҳшатҳои Исроилу Амрико гаштаанд ва чашми ҳайрати ҷаҳониён ба сӯи онҳо боз асту коре карда наметавонанд.

Куҷоед, эй мусалмонони олам,
Бигуедам, дигар ман аз чӣ болам?

Фаластин гашта маҷрӯҳ Ғазза хуншор,
Чи гуна аз ғами онҳо нанолам?

Натанёҳую Ҷо Байдени фосиқ,
Бурида решаи сабзи ниҳолам.

Яҳуди беватан соҳибватан шуд,
Ба гӯши ӯ расон амри маҳолам.

Аз он куштору сӯхтори паёпай,
Ду гӯшам кар,дилам ғамбода,лолам.

Қаламро кардаам тире ба душман,
Мапурс,ки аз Ҷанубам ё Шимолам.

Бимонда дар таги хоки Фаластин,
Ҳама ормони ман, ҷоҳу ҷалолам.

Намедонам бигӯям ё нагӯям,
Ба гӯши ки садои инфиъолам?

Кунам фарёду як фарёдрасе нест,
Ба зидди он ҳама ҷангу ҷидолам.

Чунин бераҳмиро таърих надида,
Бузурге ё, ки кӯчак , синну солам.

Ба ғайри он Худо бар кӣ бигӯям,
Саволи беҷавоби ин суолам?

Худоё қудрати худро нишон деҳ,
Ки то дигар нагӯям во ба ҳолам!

Аё Сайёраи сабзи халоиқ,
Бидидӣ даҳшати он бадсиголам?

Эзоҳ; Бадсигол - бадхоҳ,душман, бадандеш...
Инфиъол: мутаассир шудан.
 
Худовандо нигаҳбон бош мардуми мазлуми Фаластинро
 
Сари овози туро мегирам,
Ба розҳои дилат мемирам!
Гурги нафс лаха-лаха пустам канд,
Ман аз ҷафову азоб дилгирам!

Падарам, он ки қиблагоҳам буд,
Бо ҷаҳолат маро шаҳид намуд.
Ҳама аҳли ҷаҳон ба тавбаву сур,
Шудам афсонае зи буду набуд.

Эй падарҳои дигар, ин сабақ аст,
Дасти дунë ҳамеша дар табақ аст,
Хатуфи ман ба гулӯм хушкид,
Ташна рафтам, магар ин кори Ҳақ аст?

Мушти сангини падар дар рӯям,
Ба хун оғӯшта решаи мӯям,
Саги ҳамсоя накард пора маро,
Шикоят аз падар ба кӣ гӯям?

Ман дигар қад накашам, рӯи ҷаҳон,
Напушам ҷомаи шоҳии замон,
Арӯси нозанамро ба ҳавас,
Набӯсам рӯзи туй паноҳӣ аз ом!

Қотили ман набуд даранда, дигар,
Бадтар аз ваҳшӣ маро кушт падар!
Осмон бо замин часфиданд,
Ҳама хунобча гашт пеши назар.

Турбати сарди маро Модар дид,
Тани хунолудаам хоҳар дид,
Аммае, ки ба умедаш будам,
Ҷони манро ба ду се рӯз нахарид!

Хоби хеш дида гурезон будам,
Дили дар ларза парешон будам,
Аҷали ман ба дасти зулми падар,
Шарм медоштаму ҳайрон будам.

Охир Рустам нашинохт Суҳробро,
Ман ку ба пеши падарҷон будам,
Ӯ надид лоиқам ду қулт обро,
Вақти мурдан ба биëбон будам?

Оҳ аз дасти ҷаҳли инсонӣ,
Агар ту хашмро намедонӣ,
Тасаввур кун туфону тундарро,
Оташак дар ду чашми ҳайвонӣ!

Вақти куштан падарам ингуна буд:-
Гӯиë ақли ӯро ҷаҳл рабуд.
Ҳанг надоштам, ки гиребон бигирам,
Ҷони манро ӯ ба осонӣ рабуд.

Эҳ вооой, ҷонакам халос зи дард,
Шудам раҳо зи чанги нохуни сард,
Дигар он мушт ба рӯям надавад,
Падарамро ҳама гӯянд: - номард!

Меравам шармида ман пеши Худо,
Чӣ сон бинигарам ба чашми Худо?
То ҳанӯз интизори дасти падар,
Ки кунад силла дасту пои маро.

Оҳ дунë, оҳ дунëи алам,
Нола дорад ба фиғон қалбу қалам,
Он чи ки ман ба сари худ доштам,
Надида ҳеҷ ятиме ба аҷам!

***************

Эй Худои меҳрубонам, сӯхт ҷон,
Дар дами оташ, бипурс аз Каҳкашон,
Ки чӣ сон бераҳм буд дасти аҷал,
Вопасин лаҳзаи кашидани ҷон!

***************

Мардуми олам, падарҷони маро,
Санги лаънат бар сару рӯ назанед,
Хати тақдири ман ҳамин будааст,
Ҷояш ояд, мӯи ҷонон меканед!

Дар китоби "Маснавии маънавӣ"
Ҳаст байте аз ҳакими Мавлавӣ,
Ин паëм аз ҷигари Қуръон бувад,
Он чи Ҳақ донад ба ӯ айëн бувад: -

Ту ки бозхон зи Қуръон як байт,
Гуфт Эзид: - Мо рамъайта из рамъайт,
Гар бипарронем тир, он на зи мост,
Мо камонему тирандозаш Худост!"

Гули Зард дар сугвории писари шаҳидгашта сари овози бачаам Мустафои азизро гирифтам, то инки нафаси бачам нагирад.
Воқеъан Мустафои ман қоилам кард: - очаву бача ҳамоҳанг нолаи ҷонсӯз дорем ва ман навиштаи болоиро хонда гиристам.
Сад афсӯс, ки мо маҷбур будем дар ин бора бинависем, вагарна дам дарун рафта, моро мекушт.

Узр, агар бачаву оча Шумои азизро дар ғами худ тар кардем.
 
Ба дунëе, ки падар раҳм ба фарзанд накунад, Чӣ сон зи дӯст ë бародар вафо умед кунем? Падар ки меҳр ба ҷигаргӯшаву пайванд накунад, Ҳайфи он мӯи лахчабод, ки сафед кунем!
Ваҳшитар аз бани одам набувад ҳайвоне, Каракӣ дохта, мо ҳақиқата инкор кунем, Даруни оғили мол ҷисми тифли беҷоне, Волидайн дар ғами он ки: - халоси ҷон кунем!

Ба куҷо ҳаст равон сафинаи пурмакри замон? Мо барои ду пайса ҷабр ба наздикон бикунем. Ҳама дар фикри "вой ҷони ширини худашон", Кай ба худ оему андеша зи кайҳон кунем?
Гули Зард, ғам махӯр, Худо ҳама дам ғамхорат, Каъбаи дил бикун обод, то диле шод кунем.
Бадоҳаи Гули Зард
 
Изи поят ба ҷони ман, падарам,
Пайи муштат ба рони ман, падарам,
Зи азобу шиканҷа хаста будам,
Накарди раҳм ба ҷони ман, падарам!

Мезади мушту лағад ба рӯям,
Ду чашми хашмгинат бар сӯям,
Дуғу пӯписаат ба авҷи фалак,
Арзу розам ба Худо мегӯям!

Охир ман пораи ҷони ту будам,
Кӯчакеву нигарони ту будам,
Бори ғам бар сари китфи маъибам,
Ҳама вақт ëрирасони ту будам.

Сари ҷаҳл мешикасти пои маро,
Мешикасти қабурғаҳои маро.
Сабри лабрез аз табақчаи ғам,
Раҳму шафқат надошти, дада, чаро?

Падари ҷоҳилу бераҳм буди,
Золиме габр ва бе саҳм буди,
Лек дӯстат ба ҷон медоштам,
Атаҷон, қиблагоҳи ман ту буди!

Ғами Модар ва хоҳарам хӯрдам,
Аз азобу шиканҷаат мурдам,
Зиндагӣ талх буду ҷабр зиëд,
Аз ҳаëт шаддаи ормон бурдам.

Падарандар қаторӣ буди маро,
Ҷаҳоне ҷабр намуди ту, чаро?
Ташна будам, атаҷон бо лаби хушк,
Қулти, обам надода кушти маро.

Гову молу саги деҳ гирëнанд,
Дили санги бари роҳ торс кафид,
Пагоҳ ҷанозаи ман мехонанд,
Ба видоъям натавони бирасид.

Падарам, қиблагоҳи бераҳмам,
Ҳама тан хулбучу пур аз захмам,
Он чииро, ки раво диди, атаҷон,
Ҳар қадар зӯр занам, намефаҳмам.

Қотили бачаи лахти ҷигарат,
Гашти ҷонон падарам, хок ба сарат!
Гарчи бо гуфтаи ту мезистам,
Нашудам лоло ба ними назарат!

Меравам пеши Худо, атаи ҷон,
Роз гӯям бо Аллоҳ, атаи ҷон,
Ба ҷои меҳру муҳаббат ту ба ман,
Доди садсола зиëн, атаи ҷон!

Дасту поям ҳанӯз меларзанд,
Аз тарсу ваҳм, ки боз мезаниям,
Чун навниҳоли ба боғ дар ларза,
Бори дигар зи реша меканиям!

Падари ҷон, туро намебахшам,
То Қиëмат ба дод хоҳам буд.
Қамчину аспи саманди Рахшам,
То абад дар фироқ хоҳанд буд.

Ғурамаргам чу як гули калаканд,
Мешавам хок дар мазори баланд.
То ҷаҳон ҳаст дар фиғон манам,
Захмҳоям маро дигар нагазанд!

Падарам, оҳ падари бемеҳрам,
Пури армон зи ин ҷаҳон мерам,
Надида чодари арӯси мурод,
Ормониву давдавон мерам!

Чӣ сон бизии баъди ин ҳама кор?
Чӣ сон бимири, шави хоки мазор?
Зиндаҳо он тараф, ки аҳли Қубур,
Аз рангу рӯи ту бошанд безор.

Дилам ба ҳоли ту месӯзад, ата!
Руҳам қатори ту месӯзад, ата!
Ман аминам, ки пушаймон шудаи,
Кафанамро бе ту кӣ дӯзад, ата?

Бадоҳаи Гули Зард.
Аз номи бачае, ки падараш ӯро бо азобу шиканҷаи бениҳоят кушта, мехост ҷасади фарзандашро нест кунад...
 
Писаре, ки бо хуни ҷигар парварда шуду бо дасти падар ҷон дод…

Ин чӣ рӯз аст, эй Худо?! Ин чӣ дунёест, ки инсоният дар он мурдааст, меҳр гӯё гӯр шудааст?
Яке падар ном дорад, вале зери ниқоби он як ҳайвони ваҳшӣ пинҳон шудааст…

Кӯдак буд, ношукрӣ кард, шояд дуздӣ кард — 600 сомонӣ барои чи? Барои як хато.
Шояд нос кашид… шояд фиреб хӯрд… вале писар буд, ҷигар буд, умеди ту буд, падар!

Вале ту, эй падари бераҳм, бо дастони худ — бо ҳамон дастоне, ки бояд паноҳ мебуданд,
ӯро чунон задӣ, ки гӯё душмани ҷонӣ бошад!
Ӯ аз Регар ба Душанбе гурехт, ба ама паноҳ бурд. Шояд дар дил мегуфт:
"Амаҷон, наҷот деҳ… ман дигар ба хонаи падар намеравам, тарс дорам!"

Вале боз дасти ту ба ӯ расид.
Ӯро гирифтӣ, оварди дар миёнаи роҳ, миёни гармии тобистон…
Дар пушти мошин баста, аввал ду километр кашидӣ, мисли ҳайвон…
Намешавад гуфт — ҳайвонот фарзанди худро намезананд, намесӯзонанд, намекашанд!

Ӯро кашидӣ, ҳанӯз зинда буд.
Бо рӯи хунолуд, бо пои захмӣ, бо дасти хаста…
Аммо дилаш мехост туро “атаҷон” гӯяд…
Аммо ту боз меистӣ… боз пояшро ба мошин мебандӣ…
Боз мисли қотил суол мекуни ки гуё душмани хоин бошад.
800 метр дигар… боз мекашӣ… боз месӯзонӣ… боз медарӣ…

Сару рӯяш, шикамаш, дасту пояш — ҳама захм… ҳама хун…
Аммо ту… туе ки бояд паноҳ бошӣ… мисли душмани қасосгир болояш меистӣ!

Оё дили ту оҳан шудааст?!
Оё хуни фарзанди ту дар рагҳоят намехурӯшад?
Оё ёд надорӣ, вақте аввалин қадам зад, гӯши туро гирифт, гуфт: "Атаҷон, ман туро дӯст медорам"?

Ӯро баргардондӣ, хонаи хунолудат бурдӣ…
Нагузоштӣ касе ба назди ӯ равад… ҳатто модарашро!
Модаре, ки бо хуни ҷигар ин фарзандро калон карда буд, аз тарси ту танҳо нишаст… гирист… вале наздаш нарафт…

То даме ки соати 4-и саҳар…
Ӯ дигар нафас намекашид…
Ӯ дигар нигоҳ намекард…
Ӯ танҳо монд… дард кашид…
Ва дар оғӯши захму ашк, ҷон дод…

Ту духтурри маҳаларо овардӣ…
Вале дер шуд…
Ӯ гуфт: “Писарат мурдааст…”

Ва боз мехостӣ пинҳонӣ, шабона, бе нола, бе тӯйи ҷаноза, ӯро гӯр кунӣ…
Мисли як ҷиноят… мисли як гуноҳ… мисли як саги кӯчагӣ…
Аммо Худо туро фош кард.
Милисаҳо омаданд… дунё дид…

Ҳама диданд, ки чӣ тавр як падар ба фарзанди худ раҳм накард.
Ҳама диданд, ки чӣ гуна меҳру модарӣ тобу тоқат надошт…
Вале тарс дошт…

Эй мардум! Ин фарзанд танҳо як кӯдак буд — хато кард…
Аммо намеарзад, ки дар чунин ҳол бимирад.
Куҷост инсоф?
Куҷост раҳму шафқат?

Падар, ту на танҳо писаратро куштӣ — ту инсониятро куштӣ, ту меҳрро куштӣ, ту номи “падар”-ро доғдор кардӣ!
Ҳоло магар дили ту ором аст?!
Ё ҳоло медонӣ, ки чӣ рӯзро барои худу зану хонадонат овардӣ?

Оҳ, эй кӯдак… Худо туро биёмурзад.
Дунё туро нашинохт, вале хуни ту чашми моро боз кард.
Писаре, ки барои як нос ва 600 сомонӣ кушта шуд… бо дасти касе, ки бояд паноҳаш мешуд…

Бо қалами сӯзони Каримзода Фирӯз 🥹

🤲🥹

Ё Рабб, эй Парвардигори аршнишин,
Эй Холиқи осмону замин,
Эй он Касе, ки дилҳои шикаста ба даргоҳи ту наздиктар аст…

Мо имрӯз бо дилҳои пора, бо ашки чашм, бо нафаси гирён, ба назди Ту омадаем.
Ба хотири он кӯдаке, ки хато кард, аммо сазои марг надошт…
Ба хотири он писараке, ки бояд паноҳ медошт, на азоб…
Ба хотири рӯҳи беолоиши як фарзанди тоҷик, ки бо дасти касе кушта шуд, ки бояд паноҳаш мешуд…

🤲 Худоё, ба номи ту, ба шафқати ту, ба раҳмату кароматат…
Ӯро биёмурз…
Хатояшро набахш, балки маҳв кун…
Азоби дунёро, ки кашид, ҷазои охират насоз…
Гуноҳи нос ва 600 сомониро бо ашки модараш пок кун…

Худоё, ӯро ба биҳишти раҳматат бибар!
Ҷояшро равшан гардон…
Дар биҳишт кӯдакони бегуноҳро ҳамнишинаш гардон…

📿 Парвардигоро!
Мо намедонем, ки бо чӣ гуноҳ кӯдаке чунин ҷон диҳад…
Вале Ту медонӣ, ки дилаш тар буд, гиря мекард, тарсид…
Бо ҳамон даҳони хунолудаш шояд “атаҷон”-гӯён мурд…

Ба хотири ҳар ашки модар,
Ба хотири ҳар “Очаҷон, наҷот деҳ” ки дар дилаш монд,
Ба хотири ҳар нафаси охираш —
ӯро биёмурз, раббана, ӯро биёмурз!

🤲 Офаридгоро!
Дили тамоми падарони сангшударо нарм гардон!
Меҳру шафқатро ба хонадону оилаҳо баргардон!
Насиҳати ин ҳодисаро барои тамоми ҷаҳон ибрат гардон!

Ва мо… мо ба номи Ту савганд мехӯрем:
Ҳаргиз ин рӯҳро фаромӯш намекунем,
Ҳаргиз намегузорем, ки хун ба ин осонӣ резаду хомӯш гардад!

Омин ё Раббил-ъоламин…
 
Ба тифле, ки надида навҷавонӣ,
Гиряму дар сина афшонам ниҳонӣ.
На бозӣ, на китобе, на умеде,
Танаш ларзон зи сардии замонӣ.

Чу шамъе месӯзад ӯ дар шоми тақдир,
На раҳ, на нур, на имдодест дар пир.
Зи чашмаш мепарад оромиву ноз,
Ба рӯяш нақши фардо ҳаст пургир.

Нахандидест ҳаргиз бо дили соф,
Надидест меҳри модарро ба coф
Куҷост инсофу адли рӯзгораш,
Ки ҳар шаб боз мемонад ба ёд

Ба ӯ гар ашкрезам то саҳарҳо,
Ҷиноят нест — инсонист, агарҳо…
Касе ки хандид, аммо тифлаш омӯхт,
Ки ин дунё на танҳо бо зар асту дардҳо.
Gurdofarid
 
● ФОҶЕАИ ЯК ФАРЗАНД ДАР ДАСТИ ПАДАР

✅️ Ин шеър фарёди охирини кӯдакест, ки дар оғӯши зулми падар ҷон дод. Ӯ дигар наметавонист бигӯяд… шеър шуд, то доди дилашро дигарон бишнаванд.

<>/></></></<>

Имрӯз хаёлу назари пиру ҷавонро,
Бо қисса дар ин ғамкада ҷаззоб шудам ман.
Бо тешаи дасти падар аз реша ба яғмо
Чун буттаи хушкидаи беоб шудам ман.

Фарёд зи ту, эй падари золиму ҷаббор,
Чун тӯб дами пои ту партоб шудам ман.
Завлона ба дастону ба по карда чу ҷаллод,
Дар зулми ту танмузтару зардоб шудам ман.

Шаҳнома ба ман гуфта зи Суҳробу зи Рустам,
Машҳуртар аз қиссаи Суҳроб шудам ман.
Чун кӯҳ падар ҳифз кунад, ҳарки ба ман гуфт,
Қурбони ҳамон кӯҳи гаронтоб шудам ман.

Огаҳ будам аз модари бераҳм ба фарзанд,
Забҳи падари қотилу қассоб шудам ман.
Даврон, ту маҷӯ соя зи абри падаронро,
Донӣ, ки паси абр чу маҳтоб шудам ман.

📗Даврон Давлат
 
Ота ту маро дар таги офтоб КУШТИ😭
Захмину фигору заҳру зардоб КУШТИ😭
Дар гармии руз мисли як моҳичае🥀
Пустам канда ташнаю бе об КУШТИ😭

Акнун ки дигаро хок маро мебуяд🥀😭
Якумра дигар ту аз мани мегуяд😭🥀
Аз марқади ман ҳар баҳори зебо
ТАНҲО САБЗА БА ҶОИ МАН МЕРУЯД😭🥀

Мустафои Раҷабзод
 
Назад
Верх Низ