М
мақсудалӣ маҳаммадалӣ
Сархамтарин аз ман на ба ин шаҳри Ярослав,
Аз дасти ду-се нохалафи нокаси каҷрав.
Дидан натавонам ба рухи мардуми ин шаҳр,
Шармандаам аз ҳодисаи дӣ, ки ба Маскав.
Ид омаду з-он шодии ман дер напоид,
Эй вой, маро ғусса дигарбора бишуд нав.
Оқи падароне, ба яроқ, ҳамла намудаст,
Дардо, ки бирӯида зи гандум ба ҷаҳон ҷав.
Халқе ба таҳи тиру туфанг омаду сад ҳайф,
Ҷон дар кафи дастон, ҳама гирён ба даводав.
Оғушта ба хун гашта дареғо, ки саде чанд,
Дар қасри бузурге ҳама хобида ба раҳрав.
Чун лолаи кӯҳсори Ватан сина пур аз хун,
Наврӯз, зи сӯзи дили Мақсудалӣ, бишнав.