Чалилов Аскар Шарифбекович- 25 марти соли 1972 дар нохияи Файзобод таваллуд шудааст. Хатмкардаи Мактаби мусикии нохияи Файзобод ва Донишкадаи санъати Точикистон ба номи М. Турсунзода. Аммо таърихи дурусти таваллудашро у 27 феврал мегуяд. 25 март хамон рузе буд, ки бибии Зулайхо барои наберааш шаходатномаи таваллуд мегирифт. Аскар барои он уро ном гузошта буданд, ки замони тавлиди у падараш дар аскари буд. Хабари писардоршавиашро у дар Чита шунида буд. Соли 1987 тахсилро дар омузишгохи мадани- равшаннамоии нохияи Ленин (холо Колечи Фарханги нохияи Рудаки) давом медихад. Баъди хатми он муассиса соли 1990 ба сафи Куввахои мусаллах даъват мешавад. Ним соли омузиши аввалияро дар Чеченистон сипари кардааст. У хатто барои идомаи хизмат дар Олмон кушиш кардааст. Мегуяд, ки мехост ба Олмон равад ва дар баробари адои хизмат як асбоби баркии мусики хам бихарад. Баъди он ки муваффак намешавад, хохиши дар Батуми идомаи хизматро мекунад. Он вакт дар ончо вазъ на он кадар ором буд. Вале у ихтиёри хамин минтакаро барои идомаи хизмат интихоб мекунад. Баъди адои хизмат корро ба хайси омузгори фанни мусики дар мактаби миёнаи раками 5 (дехаи Кабкрез) огоз мекунад. Баъд боз ду соли дигар рохбари махфили мусикии омузишгохи касби техникии раками 24-и нохияи Файзобод буд. То соли 1999 дар мактаби мусикии бачагонаи ба номи Дустмуроди Али кор мекунад. Соли 1999 хам ба Донишкадаи санъати Точикистон ба номи М. Турсунзода дохил мешавад ва хам дар Ансамбли давлатии раксии «Лола» ба кор огоз мекунад. Баъди 5 соли фаъолият дар Иттиходияи эъчодии гуруххои консерти ва хунари ба кор мепардозад. Холо дар ин муассиса фаъолият ва эчод дорад. Муаллифи як албоми таронахо ва чандин оханг аст. Сарояндахои машхури имрузи Точикистон- Малика Саидова, Хабибуллои Мирзошариф, Мухаррама Шарифова, Сафаргул Юсуфова, Шахроми Абубакр, Сарабеки Рахмон, Садбарг Хасанова, Садбарг Ашурова ва дигарон охангхои эчодкардаи уро сурудаанд. Бо Хунарманди мардумии Точикистон Парда Косимов 5 сол хамкори кардааст. Таронахои «Ачаб гул», «Модар», «Занги охирин», «Ёри мара бин..(Файзигул Юсуфова)», «Алла» (Малика Саидова), «Точикистон» (Сафаргул Юсуфова), «Хусни ду олам» (Шахроми Абубакр), «Мову ту» (Шахроми Абубакр ва Нигина Амонкулова) махсули эчоди Аскар Чалилов аст. Оиладор ва сохиби 6 фарзанд аст.