Бузургмеҳри Тоҷиддин

  • Автор темы Бузургмеҳри Тоҷиддин
  • Дата начала
  • Теги
    Нет
Б

Бузургмеҳри Тоҷиддин

Меҳмон
🖊 Бузургмеҳри Тоҷиддин

Нигаҳвор аз паси мӯҳои боронӣ ҷавонӣ рафт,
Чӣ саҳлу сода чун сабки хуросонӣ ҷавонӣ рафт,
Чу шоир бо ҳамон шӯри ғазалхонӣ ҷавонӣ рафт,
«Чӣ суд аз зар, ало ёри зарафшонӣ, ҷавонӣ рафт,
Чӣ ҳаз аз лаъл, эй шӯхи бадахшонӣ, ҷавонӣ рафт».

Чи дунёву чи савдову чи даъво буд, аммо зуд
Чи танҳову чи яктову чи воло буд, аммо зуд
Чи дарёву чи маҷрову чи ғавғо буд, аммо зуд
«Чи донову чи зебову чи ҷӯё буд, аммо зуд
Ба нодонӣ, ба ҳайронӣ, ба сарсонӣ ҷавонӣ рафт».

Кунун Фарҳоду Ширин нест, ишқи достонӣ мурд
Ва ҳатто дар забон ин номҳои бостонӣ мурд,
Дили кас ҳамчу гил дар зери пойи ёри ҷонӣ мурд,
«Ниҳоли гул фитод аз по, умеди бехазонӣ мурд,
Хазонрез омад овони гулафшонӣ, ҷавонӣ рафт».

Лаби ҷӯ ёр меомад, ба даст он косаи заррин,
Ба оби сарди ҷӯ мезад ба шаст он косаи заррин,
Зи дастонаш чу қалби ман биҷаст он косаи заррин,
«Гузашт он лаҳзаи ширин, шикаст он косаи заррин,
Куҷо он косаю он косагардонӣ? Ҷавонӣ рафт».

Ту дидӣ ранги зарди номаҳои сӯзнокамро,
Бикардӣ пок гарди номаҳои сӯзнокамро,
Бихондӣ байти фарди номаҳои сӯзнокамро,
«Бигуфтӣ талху дарди номаҳои сӯзнокамро
Хати бутлон задӣ, ширини хатлонӣ, ҷавонӣ рафт».

Бигардад гар дили ҳафт осмон садчок, боке нест,
Бихушкад чор уқёнуси доманпок, боке нест,
Бимирад одамӣ бо дидаи намнок, боке нест,
«Бирезанд ахтарон аз осмон бар хок, боке нест,
Ки бо оҳу дареғову пушаймонӣ ҷавонӣ рафт».

На омад тирамаҳ, на бод гул аз гулшане бирбуд,
На душман ҳаст, гӯям шуълае аз гулхане бирбуд,
На ағёре, ки гӯям барги сабз аз домане бирбуд,
«На дарё хушк шуд, на махзанеро раҳзане бирбуд,
Ҷавонӣ рафт, эй сабзина, медонӣ? Ҷавонӣ рафт»...
 
Верх Низ