Ғазали дард

Б

Бобоҷон Нурзод

Меҳмон
Ба ёди кӯдакони кушташудаю маҷрӯҳ, занону модарон, ҷавонону мӯйсафедон ва дардмандони касалхонаи "Шифо", ки дар Фаластин, дар ватани хеш қурбони даҳшатҳои Исроилу Амрико гаштаанд ва чашми ҳайрати ҷаҳониён ба сӯи онҳо боз асту коре карда наметавонанд.

Куҷоед, эй мусалмонони олам,
Бигуедам, дигар ман аз чӣ болам?

Фаластин гашта маҷрӯҳ Ғазза хуншор,
Чи гуна аз ғами онҳо нанолам?

Натанёҳую Ҷо Байдени фосиқ,
Бурида решаи сабзи ниҳолам.

Яҳуди беватан соҳибватан шуд,
Ба гӯши ӯ расон амри маҳолам.

Аз он куштору сӯхтори паёпай,
Ду гӯшам кар,дилам ғамбода,лолам.

Қаламро кардаам тире ба душман,
Мапурс,ки аз Ҷанубам ё Шимолам.

Бимонда дар таги хоки Фаластин,
Ҳама ормони ман, ҷоҳу ҷалолам.

Намедонам бигӯям ё нагӯям,
Ба гӯши ки садои инфиъолам?

Кунам фарёду як фарёдрасе нест,
Ба зидди он ҳама ҷангу ҷидолам.

Чунин бераҳмиро таърих надида,
Бузурге ё, ки кӯчак , синну солам.

Ба ғайри он Худо бар кӣ бигӯям,
Саволи беҷавоби ин суолам?

Худоё қудрати худро нишон деҳ,
Ки то дигар нагӯям во ба ҳолам!

Аё Сайёраи сабзи халоиқ,
Бидидӣ даҳшати он бадсиголам?

Эзоҳ; Бадсигол - бадхоҳ,душман, бадандеш...
Инфиъол: мутаассир шудан.
 
Ф

Факир

Меҳмон
Худовандо нигаҳбон бош мардуми мазлуми Фаластинро
 
Верх Низ