Ғазалҳо аз Ахмади Дониш

Ғазалҳои Аҳмади Дониш дар ин мақола оварда мешаванд. Шеърхои Ахмади Дониш >>

ahmadi-donish.jpg


ҒАЗАЛҲОИ АҲМАДИ ДОНИШ

Эй тамошогоҳи хубон тоқи абрӯйи Шумо,
Нест моро тоқате бе дидани рӯйи Шумо.
Судаи алмосро бар захми мо марҳам ниҳед,
Хунбаҳои мо нигоҳи чашми ҷодуйи Шумо.
Чашми он дорем аз баҳри Худо афзун кунанд,
Дарди моро, эй табибон, ҳаққи доруйи Шумо.
Хуни мо бар гардани боди сабо хоҳад шудан,
Гар димоғи мо шавад маҳрум аз бӯйи Шумо.
Аз сари бунёди ғам бигзаштани мо дур нест,
Гар ба мо ёрӣ кунад як лаҳзае хӯйи Шумо.
Ҳирзи мо аз бӯсаи лаъли лабе таъйин кунед,
То яке девона созад чашми ҷодуйи Шумо.
Дониш, аз гарданкашӣ ҳаргиз намеёбад халос,
То замоне хок гардад бар сари кӯйи Шумо.


Илоҳо, ҳаминони дард кун оҳу фиғонамро,
Зи баҳри лутфи худ сероб кун теғи забонамро.
Ман он мурғам, ки гарму сарди оламро намедонам,
Ба зери боли лутфи хеш ҷо деҳ ошёнамро.
Сарамро фарш кун дар атбаи худ таҳти ин гардун,
Зи ҳиммат ҳамдами арши барин кун остонамро.
Дар анбори вуҷудам ҳаббае ҳосил намебинам,
Зи дони макрамат пур дор роҳи Каҳкашонамро.
Фалакро чанд боки лутфи пинҳонист медонам,
Аз ин рӯ чатри давлат карда бар сар осмонамро.
Зи зулфи тобдори худ Қамар дар Ақрабам дорад,
Ба заҳри сабр ширин карда коми нотавонамро.
Биё, Дониш, ба ҳар ранге, ки бошад хоҳиши фазлаш,
Ба лавҳи фитрати худ нақш фармо достонамро.


Гул дар чаман зи рӯи ту дорад ҳиҷобҳо,
Бардор баҳри хотири булбул ниқобҳо.
Майхонаро зи рӯйи ту аз бас тароват аст,
Дар хок рехт аз дили мино шаробҳо.
Абрӯйи ёру моҳи нав аз баски ҳамсаранд,
Печида аст бар сари чарх ин танобҳо.
Кокул илоҷи мастии дилҳо намекунад,
Холи лаб аст гӯшаи абрӯкабобҳо.
Девонаро чӣ ҳоҷати маънист дар сухан,
Ошуфта аст аз дили Маҷнун китобҳо.
Аз оби беҳисоб замин то ба осмон,
Гиранд рӯзи ҳашр зи чашмам ҳисобҳо.
Бемори масти чашми туро дидаанд аз он,
Дилҳо харобҳову ҷигарҳо кабобҳо.
Сели сиришк меравад аз дил ба сӯйи чашм,
Дониш, ба рух давида ба ранги ҳубобҳо.


Ҳой-ҳойе дорад охир ишқи шӯрангези мо,
Кас ба майдон во намеояд паи истези мо.
Ҳола андар гирди моҳи рӯйи ӯ беваҷҳ нест,
Ҳеҷ оромӣ надорад дидаи хунрези мо.
Арсаи даврон надорад ҳеч ҳайрат, ғайр аз ин,
Чанд мазмуне ба даст орад зи табъи тези мо.
Хунбаҳои ошиқон з-он шаҳ нигоҳе беш нест,
Фикри Фарҳоди маро Ширин кунад Парвизи мо.
Хоназоди ишқро аз неку бад парво куҷост,
Аз азал ишкастаанд ин косаи парҳези мо.
Афсари шоҳон надорад ғайри сарафкандагӣ,
Эй сабо, аз мо расон бо ҳазрати Чингизи мо.
Офати даврон магар моро ба кунҷе ҷо кунад,
Ҳеҷ касро нест тоқат бо нишастухези мо.
Мо намебинем дар худ изтиробе ҳеч вақт,
Кай кунад таъсир бо мо оҳи дардангези мо?
Дониш, аз омодагӣ парво надорад субҳу шом,
Оламе асрор созад пунбаи гулрези мо.


Осмон то накунад ҳеч қароре пайдо,
Ки кунад баҳри дили мо сарукоре пайдо.
Ғами айём махӯр, сар ба сар осуда нишин,
Оқибат хоҳад шуд роҳгузоре пайдо.
Даст бардоштан аз кӯю макон осон нест,
То кунад ошиқи саргашта нигоре пайдо.
Дили вайрони маро кист, ки обод кунад?
Ин чаманро набувад абри баҳоре пайдо.
Ҳалқаи зулфи бутон доми дили шайдоист,
Сарбасаҳрозадагонрст шикоре пайдо.
Қомати хамшудаи мо накунад майли қиём,
Заъфдилро шуда имрӯз мадоре пайдо.
Хоки мо мегузарад аз сари иқболи ҷаҳон,
Нест осудатарам синафигоре пайдо.
Дил ба хун ғӯта заду қимати лаъле гул кард,
Ин таманно шуда дар ҳар сари хоре пайдо.
Дониш, аз тарки ҷаҳон ҳоли ту осуда нашуд,
Беҳтар он аст кунӣ лолуъзоре пайдо.
 
Верх Низ