АСОЗОДА Хайрулло

АСОЗОДА.jpg
АСОЗОДА Хайрулло 25 марти соли 1956 дар ноҳияи Файзобод таваллуд шудааст. Маълумоташ олӣ, соли 1978 Донишкадаи политехникии Тоҷикистонро бо ихтисоси муҳандис — сохтмончӣ ва соли 1988 Мактаби олии ҳизбии шаҳри Тошкентро бо ихтисоси ташкилотчии ҳизбӣ хатм кардааст.Фаъолияти меҳнатиашро соли 1978 аз вазифаи устои Раёсати сохтмони «Роғунгэсстрой» оғоз намуда, баъд то соли 1984 дар вазифаҳои саркор, саркори калон, сардори қитъаи Раёсати мазкур кор кардааст.Солҳои 1984 — 1990 дар вазифаҳои масъули ҳизбӣ дар ноҳияи Файзобод, шунавандаи мактаби олии ҳизбии шаҳри Тошкент ва котиби озоди кумитаи ҳизбии сохтмони Нерӯгоҳи барқии обии Роғун фаъолият намудааст. Солҳои 1990-2004 дар вазифаҳои гуногуни муҳандисию техникӣ ва роҳбари Раёсати сохтмони «Роғунгэсстрой» кор кардааст.Солҳои 2004-2009 ба ҳайси сармуҳандиси Раёсати сохтмони «Монолит-3» ҷамъияти саҳомии шакли кушодаи «Монолитстрой» ва сардори департаменти сохтмон, робитаҳои беруна ва маркетинги ҷамъияти саҳомии «Корпорация Сомон Душанбе» адои вазифа намудааст.Аз соли 2009 муовини якуми Директори генералӣ ва аз моҳи январи соли 2010 то ноябри соли 2013 дар вазифаи Директори генералии ҷамъияти саҳомии шакли кушодаи «Роғунгэсстрой» фаъолият намудааст.Узви Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даъвати панҷум.Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 ноябри соли 2013 вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардидааст.Оиладор, соҳиби се фарзанд мебошад.1 – марти соли 2015 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудааст.
 
Верх Низ