- Регистрация
- 25.01.2023
- Сообщения
- 1 560
(муаллиф Шахлои Начмиддин)
Бобои Хаким яку якбора аз по фитода бистари гардид. Хатто забонаш хам лакнат пайдо карда, мегирифтаги шуд. Факат як гапро такрор ба такрор мегуфт:
-Падарам холо хам аз ман норози аст.
Духтари калони ба кароре омад, ки эшони дехаро чег зада, гусфандеро худои карда ба мардуми нодор таксим кунад.Ба назди чандин муллохои донишманд рафта тумору таштоб гирифт. Фоидае накард. Муйсафед номи падарашро мегирифту халос. Руз ба руз ахволаш бад шуда рангаш зарду захир мегашт.
-Падарчон, аз ягон чиз тарсидед ми?-пурсон мешуданд фарзандон.
-Падарам норози аст.
-Бобоямро боз хоб дидед чи?
-Ха, омада маро як шаппоти зад.
-Э отачон, шумо хам ба хоб ахамият медихед чи? Хобатонро ба чуйбори хавли рафта гуед.Ба дил нагиред, охир.
Духтаронаш гумон мекарданд, ки касал асту сафсата мегуяд.
Баъди ба хуш омадан бобои Хаким хамаи духтаронашро чамъ карда , дарди дилашро кушод.
-Шаб дарвозаро кулф карда, пас гаштам. Садои чизе баланд шуда ба кафо нигаристам. Дарвозаи навакак кулф кардагиам кушода буд. Хайрон шудам. Бо вучуди ин тарсро аз дил дур карда гумон кардам, ки пиру парешонхотир гаштаам. Аз сари нав дарвозаро кулф кардам. Боз хамон ходисаи гайриодди такрор ёфт. Ин даъфа дарро кушода монда, ба айвон баромадам. Чогахамро хамин чо партофта, дароз кашидам. Худам нафахмида мондам, ки чи хел ганабам бурда мондааст. Ба гушам шарфаи по расид. Хушёр шуда ба гирду атрофам назар кардам. Ва киро дидам? Бобои рахматиатонро. Аз тарсу вахм дар чоям карахт шуда мондам. Забонам лол монд. У бардам-бардам чун даврахои зинда буданаш кадам монда, наздикам омадан гирифт. Хаёлам, ки ба рухсораам шаппотие фаровард. Дигар чизеро дар ёд надорам.
Бобои Хаким писар надошт. Хамсараш бармахал вафот карда, сарпарастии се нафар духтарро ба души у гузошта буд. Духтарон аллакай сохиби хонаву дари худ гашта, аз падар чудо зиндаги мекарданд. Хавлиро бошад, пахлуи хавлии пешинаашон падару хамсояхо дастчамъ шуда сохта буданд. Муйсафед ният карда буд, ки туйи набераи калониаш –Вохидчонро хамин чо гузаронида, хавлиро барояш тухфа намояд. Ба гапхои падараш ки дар вакти зинда буданаш доимо таъкид мекард, ахамият надода буд:
-Писарам, агар илочаш бошад, дар ин замин дарахт нашинон, ва ё иморате бунёд макун, илтимос.
Он вактхо Хаким бо гурури чавони андармон ба гапхои падар писханд мезаду хатто сабабашро пурсон намешуд.
Духтарони Бобои Хаким бо маслихат оши хайру худои дода, сипас мехнати падарамон насузад гуфта хавлиро хеле арзон ба як хеши дурашон фурухтанд. Вале баъди чанде фахмиданд, ки шахси хавлиро харидаги бо хамсояву ду писараш ба садамаи автомобили дучор гардида, ба халокат расидаанд. Духтараш бошад аз чизе тарсида , дасту пояхояш шалу маъюб шудаанд. Хавли то хол бесохиб монда бошад хам, касе чуръати ба он наздик шудан надорад.
-Чи шахиди сахте дорад-мегуянд мардуми деха.
Ачаб, асроре дорад, ин дунёи фони.
Шахлои Начмиддин