Анварзода Мавҷуда АНВАРӢ, 2 апрели 1981 дар ноҳияи Файзобод таваллуд шудааст.
Журналист. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистонро (рӯзона) бо ихтисоси шарқшинос (гурӯҳи форсӣ) хатм кардааст. Аз соли 2002 то 2007 дар вазифаҳои муҳаррир-наттоқ ва муҳаррири калони идораи ТВ «Субҳ»-и Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муҳаррир ва наттоқи бахши хабарии Радиои «Ватан», солҳои 2007 то 2009 мутахассиси кор бо занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ фаъолият намудааст. Аз феврали соли 2010 инҷониб ба ҳайси хабарнигор дар Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар»-и назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кор мекунад.
Аълочии Фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Узви Конфедератсияи Байналмилалии Иттифоқҳои журналистӣ мебошад. Оиладор, соҳиби се писар аст.
Аълочии Фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Узви Конфедератсияи Байналмилалии Иттифоқҳои журналистӣ мебошад. Оиладор, соҳиби се писар аст.