Андешаҳои ахлоқии Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ

Андешахои ахлокии Мавлоно Чалолиддини Балхи / Руми.


Мавзӯи дӯстӣ, ҳамраъйӣ, ваҳдату ягонагӣ дар ғазалиёти Мавлоно мақоми шоиста доранд. Зиндагӣ ва ҳаёти ибратомӯзи Ҷалолиддини Балхӣ шоҳиди ин гуфтаҳои мост. Маҳз ҳамин дӯстӣ ва якдилӣ буд, ки дар сари қабри ӯ садҳо мардуми гуногунмиллат, гуногуноин ҷамъ омаданд ва бо як эҳтиром ҷасади ӯро ба хок супориданд.

Ҳамин дӯстӣ, ҳамин шеваи рафтор ва гуфторро Мавлоно дар эҷодиёташ илқо ва васф намуд. Таваҷҷуҳ кунед ба ғазали «Ёрон ҳама пештар нишинанд».

Мо суҳбати ҳамдигар гузинем,
Бар домани ҳамдигар нишинем.

Ёрон ҳама пештар нишинанд,
То чеҳраи ҳамдигар бубинанд.

Ин дам, ки нишастаем бо ҳам,
Май бар кафу гул дар остинем.

Аз хона ба боғ роҳ дорем,
Ҳамсояи сарву ёсаминем.

Ҳар рӯз ба боғ андароем,
Гулҳои шукуфта сад бубинем.


Ба назари Мавлоно бо дӯстони мувофиқ ва ёрони содиқ суҳбат оростан аҷаб кайфияте дораду гулҳои хушбӯйро нисори якдигар намудан сад арзандагӣ. Дар баробари ин Мавлоно дӯстони номувофиқи кинаҷӯй ва мағруру худписандро сахт маломат менамояд. Онҳоро ба сулҳу салоҳ, ба якдигарфаҳмӣ, ба донист ани қадри якдигар даъват менамояд. Ба андешаи Мавлоно бояд дӯст аз дӯст дар дил кина нагирад ва ғаразҳоро аз дил биронад. Ҳамин аст расми дӯстию бародарӣ:

Биё, то қадри якдигар бидонем,
Ки то ногаҳ зи якдигар намонем.

Каримон ҷон фидои дӯст карданд,
Сагӣ бигзор, мо ҳам мардумонем.

Ғаразҳо тира дорад дӯстиро,
Ғаразҳоро чаро аз дил наронем?


Сарҷамъӣ, иттиҳод ва якдигарфаҳмӣ метавонад ҳар лашкареро мағлуб кунад. Бинобар ин, якдилу якмаром шудани инсонҳо гарави муваффақият аст:

Паркандагӣ аз нифоқ хезад,
Пирӯзӣ аз иттифоқ хезад.

Ту ноз кунию ёри ту ноз,
Чун ноз ду шуд,
талоқ хезад.

Аз ноз шавад вилояте танг,
Дар дил сафари Ироқ хезад.


Ҳамин маъниро Мавлоно дар ғазали «Бар сафи Рустам занем» боз ҳам равшантар ба қалам додааст. Шоир ёронро ба сарҷамъӣ ва муттаҳидӣ даъват намудааст:

Гар дам аз шодию гар аз ғам занем,
Ҷамъ биншинему дам бо ҳам занем.

Мову ёрон ҳамдилу ҳамдам шавем,
Ҳамчу оташ бар сафи Рустам занем.

Гарчи мардонем, агар танҳоравем,
Чун занон бар навҳаву мотам занем.

Торҳои чангро монем мо,
Чун-к дарсозем, зеру бам занем.

Мо ҳама дар ҷамъ одам будаем,
Бори дигар ҷумла бар одам занем.


Вале ин панду андарзҳо, ин пешниҳоду орзуҳои Мавлоно ҷомаи амал напӯшиданд. Якдигарфаҳмӣ, якдилӣ дар байни подшоҳони кишварҳои мусулмон набуд, ки лашкари Чингиз шаҳру деҳоти бешуморро сӯзонд, мардуми бешуморро ба қатл расонд, илму фарҳангро хароб кард ва худи Мавлоно ва садҳо уламою удабо, ҳукаморо аз ватан беватан гардонд. Ин ҳодисоту ин воқеот аз хотири Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ ҳаргиз ва то дами вопасинаш фаромӯш нагардид ва оҳу афғонаш ҳисоб надошт. Ӯ гоҳ-гоҳ дили дардмандашро бо шеъри нав таскин медод ва аз даргоҳи Худованд илтиҷо менамуд, ки барои саркӯб ва шикасти душмани қаттоли миллаташ Шери Худою Рустами Дастонро бифрист. Зеро аз ин ҳокимону шоҳони бегона, аз ин халқи бепушту паноҳ умед нест:

З-ин халқи пуршикояти гирён шудам малул,
Оҳою ҳуйу наъраи мастонам орзуст.

Гирёнтарам зи булбул, аммо зи рашки ом
Муҳр аст бар даҳонаму афғонам орзуст.

Дӣ шайх бо чароғ ҳамегашт гирди шаҳр,
К-аз деву дад малуламу инсонам орзуст.

З-ин ҳамраҳони сустаносир дилам гирифт,
Шери Худову Рустами Дастонам орзуст.


Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ дар поёни рӯзгор басо мустаманд ва дилшикаста шуда буд. Нахуст ёди Балхи вайрона мекарду дилаш реш-реш мешуд ва пасон дар айёми пирӣ вафоти фарзандонаш ӯро хеле музтар ва қалбашро дардманд гардонд. Дар ғазали «Дасти ман гир, эй писар» ҳолатҳои рӯҳӣ ва қалби ноорому гирёни хешро аҷаб пурсӯз ба қалам додааст:

Дасти ман гир, эй писар, хуш нестам,
Эй қади ту чун шаҷар, хуш нестам.

Не, биҳил дастам, ки ранҷур аз дил аст,
Дарди дилро гулшакар, хуш нестам.

То ту рафтӣ, қуввати сабрам бирафт,
То ту рафтӣ, ман дигар хуш нестам.

Дастҳоро чун камар кун гирди ман,
Ҳин, ки ман бе ин камар хуш нестам.

Нотавонам, рафтам аз даст, эй ҳаким,
Даст ба ман неҳ, магар хуш нестам.

Сар ҳамепечам ба ҳар сӯ ҳамчунин,
Чист, яъне, ман зи сар хуш нестам.

Чашм мебандам ба ҳар дар то ба дер,
З-он ки бе ту, боназар, хуш нестам.
 
Верх Низ